Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориҳои минтақавии энергетикиро вусъат медиҳанд

Душанбе, Тоҷикистон, 28 майи соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи нави панҷсолаи минтақавии энергетикӣ – «USAID – Энергетикаи Осиёи Марказӣ»-ро бо буҷети умумии 39 млн. доллари амрикоӣ роҳандозӣ намуд. Барномаи мазкур ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои афзалиятноки миллии энергетикӣ, ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ аз фурўши байнисарҳадии энергетикаи барқӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти энергетикӣ, аз ҳисоби боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд: «Мо ба USAID ва шарикони рушд барои саҳмгузорӣ дар рушди бахши энергетика ташаккур мегӯем ва умедворем, ки минбаъд ҳамкориҳои пурсамар ва мутақобилан судманди мо идома меёбанд». Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон, ҷаноби Кит Симмонс қайд намуд, ки «Бозорҳои рақобатпазири бомуваффақият амалкунанда ва амнияти энергетикӣ дар рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти ҳалкунанда доранд».

Бояд иброз дошт, ки Осиёи Марказӣ манбаъҳои бойи энергияи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, ки аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва энергияи бодии дар натиҷаи бархурди доимии ҳавои куҳӣ бо ҳавои гарми минтақаҳои хушкиқлим ба вуҷуд меояд, бой мебошад. Тоҷикистон ҳамчунин дорои имкониятҳои назаррас, барои баланд бардоштани самаранокии энергия, инчунин кўшишҳо ва заминаи ҷиддӣ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, мебошад. Тавассути ин барномаи нав USAID ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, корхонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба рушд, операторони шабакавӣ, сармоягузорони маҳалливу байналмилалӣ ва ширкатҳои энергетикиро бо кўмаки техникӣ таъмин менамояд. USAID ислоҳоти бозорҳои энергетикии милливу минтақавиро дастгирӣ менамояд, бозори энергияи барқро устувор намуда, барои боз ҳам беҳтар ҷорӣ намудани технологияи «энергияи тоза» аз манбаъҳои анъанавӣ ва барқароршаванда мусоидат менамояд.

Давоми даҳсолаи охир USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузоштани замина барои таъсиси низоми энергетикии бозори минтақавии аз лиҳози иқтисодӣ иҷрошаванда, нақши калидӣ бозид. USAID ҳамчунин заминаи меъёрию ҳуқуқиро барои таъмини рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рақамикунонии бахши электроэнергетика ва таъмин намудани амнияти кибернетикӣ, устувор намуд. Дар доираи барномаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ» USAID бо шарикони маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати вусъат бахшидани иқтидори мутахассисони маҳаллӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҳамчунин онҳоро дар самти рушди муносибатҳои бозорӣ дастгирӣ менамояд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia.