Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар якҷоягӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ҷомии ш. Душанбе ба маъракаи иттилоотӣ-маърифатии миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳусни оғоз бахшиданд. Анқариб 400 нафар иштирокчиён шоҳиди маърузаву барномаҳои консертӣ гаштанд, ки ба пешгирии бемории сил ва табъизу доғандозӣ бар асоси он бахшида шудаанд. Бо кӯмаки молии Барномаи USAID оид ба мубориза алайҳи бемории сил, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин хидматрасонии тиббӣ ба беморони сил» сертификату ҳадяҳо тақдим намуд.
Сафири Иёлоти Муттаҳида хонум Элизабет Миллард ва ҷонишини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров аз пешрафти назаррас дар самти мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон дар се соли охир тавсиф намуданд, ки дар натиҷаи он сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил ва маргу мир аз он коҳиш ёфтааст. Онҳо ҳамчунин эътироф намуданд, ки ин мубориза алҳол анҷом наёфтааст. Тоҷикистон аз яке кишварҳоест, ки дорои баландтарин дар ҷаҳон нишондиҳандаҳои гирифторӣ ба бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар мебошад, ки ин барои мубориза бурдан бо бемории сил монеъаҳо эҷод менамояд.
Дар чорчӯби маъракаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабиниҳои гуногунро дар саросари Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд. Маърака барои беморони сил дар дармонгоҳи Мачитон; Рӯзи ташхиси бемории сил барои занони минтақаҳои аҳолинишини дурдаст; чорабиниҳои иттилоотӣ оиди бемории сил барои маҳбусон, минҷумла занони маҳбус; дарсҳои омӯзишӣ оиди пешгирии бемории сил барои меҳмонони Гӯшаҳои Амрико дар ш. Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон; ва ҳамчунин маъракаи иттилоотӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо маъмурияти он гузаронида мешаванд, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошанд. Як гурӯҳи сайёрӣ актёрҳои шинохтаи тоҷик дар назди тамошобинони минтақаҳои дурдасти фарогири лоиҳа бо намоишномаҳои хурд дар мавзӯи пешгирии бемории сил ва табъизу доғандозӣ дар асоси он баромад хоҳанд кард.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳамасола ба 24 март рост омада, он ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа оиди ҳанӯз ҳам вогир боқӣ мондани бемории сил дар аксари минтақаҳои ҷаҳон, ки аз он ҳамасола қариб якуним миллион нафар, асосан аз кишварҳои дар ҳоли рушд, ҳалок мешаванд, мусоидат менамояд. Гурӯҳи мушорикати байналмилалии «Мутаваққиф сохтани сил» шиори Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории силро барои соли 2016 «Ҳамбастагӣ барои маҳви бемории сил» эълон кардааст, ки он ба кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар самти кашф, табобат ва солимгардонии тамоми гирифторони бемории сил, ҳамчунин вусъат бахшидан ба раванди расидан ба ҳадафи ҷасурона – маҳви пурраи бемории сил то соли 2013, ҳидоят менамояд.
Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ба коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон равона гаштааст. Фаъолияти барнома ба такмили раванди таҳияи сиёсати миллӣ, беҳтар сохтани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва дармон, дастгирии низоми табобати ба мизоҷон нигаронидашуда, ҳамчунин таҳкими озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Водии Рашт равона гаштааст. Барномаи мазкур, ки буҷааш тахминан $ 13,2 млн. буда, барои 5 сол таҳийа шудааст, яке аз намунаҳои дигари кӯмаки ҳукумати ИМА дар самти беҳбудсозии сиҳатии мардуми Тоҷикистон мебошад. Алҳол, кӯмакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30 % он ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.