Кӯшишҳои якҷояи ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкории ҷомеа бо намояндагони милитсия дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ дар Ванҷ

Душанбе, Тоҷикистон, 3 октябри соли 2018  –  Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт ва Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори милитсия Фарҳод Шодмонзода дар ноҳияи Ванҷ ва Ванҷи боло бо роҳбарони ҷамоатҳо барои баррасии дастгирии минбаъдаи кори гурӯҳҳои шарикӣ барои эҷоди боварӣ ва фаҳмиш байни намояндагони милитсия ва ҷомеа(CPPT), ки соли 2017 дар Ванҷ бо мақсади мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии радикализм дар Бадахшон таъсис ёфта буданд, вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар доираи барномаи давлатӣ оид ба ислоҳоти милитсия, “Барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа”-и Сафорати ИМА ҳадаф дорад, ки имконияту қобилияти хидмати ВКД-ро дар ҷомеа беҳтар намуда, ба волоияти қонун ва боло бурдани эътимоди мардум ба милитсия мусоидат намояд. То ба имрӯз Сафорати ИМА 27 гурӯҳи шарикӣ ва 44 маркази ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ташкил додааст.

Гурӯҳи шарикии шаҳри Ванҷ, ки ба он Ҷонишини Раиси нҳия, Сардори милитсияи ноҳия, имоми маҳаллӣ, намояндаи шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дохил мешаванд, ба пешравии назаррас дар давоми як соли ноил гаштанд. Ин гурӯҳ дар якҷоягӣ: 1) боварии байни милитсия ва сокинонро афзоиш дод, 2) ҳамкории густурдаи байни ҷомеа ва вокуниш ба таҳдидҳоро ташкил намуд ва 3) имкониятҳои нави соҳибкорӣ ва фароғатро дар Ванҷ фароҳам намуд.

Гурӯҳҳои шарикӣ барои эҷоди боварӣ ва фаҳмиш байни намояндагони милитсия ва ҷомеа қайд намуд, ки омӯзиш оид ба ҳамкории ҷомеа бо милитсия ва машварати амалии аз ҷониби ИМА сарпарастишуда барои эҷоди боварӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ хеле муассир буд, инчунин таъкид намуданд, ки раванди ризоияти тарафайн дар ҳалли мушкилот ва мубодилаи иттилоотро дар байни роҳбарони Ванҷ сода ва муассир кард.

Сохтори гурӯҳҳои шарикӣ ба гурӯҳҳои ҳамкории маҳаллӣ имконият медиҳад, ки мушкилотро муайян карда, дар якҷоягӣ ҳалли муассири ба онро пайдо намоянд. Илова бар назорати таҳдидҳо, гурӯҳҳои шарикӣ бо дастгирии Сафорати ИМА ва ВКД барои васеъ кардани имконот барои ҷавонони Ванҷ чораҳои фаъолсозӣ андешидаанд. Масалан, ҷамоати ноҳия ба наздикӣ майдони наверо барои чорабиниҳои варзишӣ ва фароғатӣ бунёд намуд.

Дар Ванҷи боло, Кордори Сафорати ИМА ҷаноби Коверт ва Генерал-майори милитсия Фарҳод Шодмонзода бо Раиси ҳукумати Ванҷи боло масъалаи дастгирии ҷомеаро тавассути фаъолияти гурӯҳҳои шарикӣ ва марказхои ҳамоҳангсози ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ намуданд. Азбаски Ванҷи боло аз шуъбаи милитсияи ноҳиявӣ 100 км дуртар ҷойгир аст,гурӯҳҳои шарикӣ ва марказҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеаба ин ҷамоат имконият медиҳанд, ки дар мбуориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун қувваи кофии маҳаллӣ дошта бошанд.

Сафорати ИМА соҳаҳои нави ҳамкорӣ бо ВКД-ро пайдо ва вусъат хоҳад дод. Ҳадафи мо иборат аст аз:

  • Ташкили гурӯҳҳои шарикии нав ва дастгирӣ намудани институтсионализатсияи ҳамкории ҷомеа бо милитсия.
  • Коҳиш додани сабабҳои ноамнии вазъ ва ҷалби мардум ба гурӯҳҳои ифротгаро.
  • Тавассути машварату роҳбарӣ тақвият додани фаъолияти гурӯҳҳои шарикии мавҷуда
  • Назорат кардани фаъолияти гурӯҳҳои шарикии мавҷуда аз нуқтаи назариустуворӣ ва пойдории барнома.
  • Тақвият додани омӯзиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ.
  • Тақвият додани роҳандозӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии гурӯҳҳои шарикӣ.