Нерӯҳои амнияти ИМА ва Тоҷикистон машқҳои вокуниш ба буҳрон мегузаронанд

Душанбе, Тоҷикистон, 20 марти соли 2017 – Аз санаи 27 март то 7 апрели соли 2017 Вазорати мудофиаи ИМА дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои касбӣ мегузаронад. Тақрибан 150 намояндаи ИМА ва 100 нафар намояндаи Тоҷикистон дар машқҳое, ки аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо оҷонсиҳои давлатии ИМА ва Ҳукумати ҶТ гузаронида мешаванд, иштирок хоҳанд кард. Машқҳо ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бахшида шуда, иборат аз сенарияҳои шабеҳсозишуда барои мусоидат ба фаъолияти мутобиқшудаи шарикон дар мубориза бар зидди терроризми трансмиллӣ мебошанд. Аксари ин машқҳо дар тамрингоҳҳои ҳарбӣ дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, як қисми хурди онҳо дар ҷойҳои дигари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида баргузор мегарданд.

Тавре Президент Трамп дар паёми худ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, маъмурияти Президент Трамп умедвор аст, ки “дар якҷоягӣ ҳадафҳои умумии амният ва суботи минтақавиро пеш мебаранд”. Машқҳои мазкур барои пурзӯр намудани амният ва субот дар минтақа, тавассути васеъ намудани имкониятҳо ва ҳамоҳангсозии байни нерӯҳои амнияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд. Ҳамкории қисмҳои ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори мутақобила ва мусоидат дар суботи минтақавии дарозмуддат ва амалиёти муштарак байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон равона шудааст.

Моҳи феврал Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд ва аз 1,8 млрд. доллари ИМА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кўмак ба Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 262 миллион доллари ИМА барои дастгирии бахши амният ҷудо карда шуд.