Душанбе, Тоҷикистон, 21 апрели соли 2022 – Сара Минкара мушовири махсус оид ба ҳуқуқи байналмилалии шахсони маъюбиятдошта аз 17 то 20 апрел аз Тоҷикистон боздид кард, то ҳадафи муштаракамон – фарогирии шахсони маъюбиятдошта дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, амалӣ шавад. Вай дар мулоқотҳои худ бо вазири меҳнат ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз харитаи роҳи Тоҷикистон барои тасвиби Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта истиқбол кард. Вай таъкид кард, ки кишварҳо бидуни мушорикати қавии ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони маъюбиятдошта, наметавонанд ба таври комил зарфиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро амалӣ кунанд.
Мушовири махсус Минкара инчунин бо ҳомиёни мустақили ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта, созмонҳо, гурӯҳҳои тиҷоратӣ ва раҳбарони ҷавонон дар Душанбеву Бохтар, аз ҷумла аъзои клуби варзишии духтарони параолимпии Бохтар мулоқот намуд. Вай аз барномаҳои Тоҷикистон ва ИМА барои ҳамгироии шахсони маъюбиятдошта ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истиқбол кард.
Президент Байден Сара Минкараро ба ҳайси мушовири махсус оид ба ҳуқуқи байналмилалии шахсони маъюбиятдошта таъин кард. Дар ин мақом Мушовири махсус Минкара стратегияи ҳамаҷонибаи Департаменти давлатии ИМА оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаро дар сатҳи байналмилалӣ роҳбарӣ мекунад. Мушовири махсус Минкара дар сатҳи байналмилалӣ ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаро, гуногунрангӣ, дастрасӣ ва фарогириро дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Лубнон, Малайзия, Никарагуа, Руанда, Таиланд ва Британияи Кабир пешбарӣ кардааст. Сара Минкара бо ифтихор таъкид мекунад, ки вай ҳамчун як зани нобино ва мусалмони амрикоӣ, ҷонибдори он аст, ки ҳамгироии тамоми аъзои ҷомеа, бояд барои ҳама як арзиш бошад.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои пешбурди ин ҳадаф тавассути барномаҳои мухталиф, аз ҷумла нашри китобҳои бо ҳуруфи Брайл барои мактабҳои тоҷикӣ, пешниҳоди грантҳои хурд ба ташкилотҳое, ки шахсони маъюбиятдоштаро шуғл меомӯзонанд, омӯзиши истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳомиёни ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта, зиёд кардани шумораи марказҳои амрикоӣ, ки барои шахсони маъюбиятдошта дастрасанд, ва як барномаи нави роҳнамоӣ барои ҷавонони маъюбиятдошта ҷиҳати омӯзиш дар назди коршиносони тоҷик, ки дар Сафорати ИМА дар ш. Душанбе фаъолият доранд, кор мебарад.