Ташрифи Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керри ба Тоҷикистон

Secretary Kerry speaking at a podiumКотиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керри 3 ноябр ба Тоҷикистон ташриф овард. Қабл аз вохӯрӣ бо Президент Раҳмон дар “Қасри миллат” Котиби давлатӣ аз  ҷониби Вазири умури хориҷӣ Аслов сари пиёлаи чой самимона истиқбол гардид. Баъди вохурӣ бо президент, Котиби давлатӣ Керри дар назди матбуоти дохилӣ ва байналмилалӣ изҳороти зеринро баён намуд.

КОТИБИ ДАВЛАТӢ КЕРРИ: Муташакирам. Ин як изҳороти кӯтоҳ хоҳад буд, вале мехостам қайд намоям, ки аз вохӯрӣ бо президент Раҳмон ва баррасӣ намудани бархе аз масоили марбут ба муносибатҳои дучониба дар доираи он ниҳоят хушҳолам.  Ба президент барои истиқболашон ва барои сафарбар намудани Вазири умури хориҷӣ Аслов ба Самарқанд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии муҳими намояндагони панҷ давлати Осиёи Миёна изҳори минатдорӣ намудам. Мо  дарк мекунем, ки миёни давлатҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон кишварест дорои мавқеи хоса бо дарозтарин сарҳади муштарак бо Афғонистон, ки  дар навбати худ он бисёр мушкилотро аз нуқтаи назари амният ба миён меоварад. Ва ман аз ӯҳдадориҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҳамкорӣ намудан бо Тоҷикистон ва дигар мамолики минтиқа ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадӣ таъкид намудам. Инчунин қарори президент Обамаро ҷиҳати  нигоҳ доштани  нируҳои иловагӣ дар Афғонистон бо мақсади  таъмини амнияти минтиқавӣ баррасӣ намудем.Secretary Kerry shaking a man's hand

Илова ба ин, се масъалаи ниҳоят муҳимро таҳти баррасӣ қарор додем. Якум мушкилоти иқтисодиро,  ки Тоҷикистон айни замон  ба онҳо дар натиҷаи коҳиш ёфтани сатҳи иқтисоди Русия ва Чин рӯ ба рӯ шудааст таҳлил намуда, усулҳои мусоидатро барои рушди ҳамкории зич миёни панҷ кишвари Осиёи Миёна ва, албатта, берун аз минтақа баррасӣ намудем.

Дуввум, инчунин мавриди аҳамияти   сиёсати энергетикӣ, ба хусус қувваи барқ, мушкилоти ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояҳо, минҷумла мушкилот бо Узбекистон ва ниёзи доимӣ оид ба  гуногун намудани (диверсификатсия)  сарчашмаҳои таъминоти қувваи барқ суҳбат намудем. Инчунин  имкониятҳои Тоҷикистонро дар панҷ сол оянда баррасӣ намудем, то ин ки Тоҷикистон тавонад на танҳо аҳолии худро балки Афғонистонро низ бо қувваи барқ таъмин намояд.    Баъзе барномаҳое вучуд доранд, ки  метавонанд боиси дагаргуниҳо гарданд ва мо тасмим гирифтем, ки ҳамкориро миёни мамолики минтиқа – онҳое, ки дорои об ҳастанд ва онҳое ки аз он  барои истифода дар хоҷагии қишлок танқисӣ мекашанд ба роҳ монем,  ва ин хеле муҳим аст.

Дар охир  мо инчунин дар мавриди мушкилоти бузург, аз қабили чолишҳо марбут ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез сухан рондем. Ва ба мувофиқа омадем, ки ҳангоми мубориза  алайҳи   ин падидаҳо тавозуни ҳуқуқи инсон, озодии дин, иштироки мардумро дар ҳаёти  сиёсии кишвар  таъмин гардад. Ва бояд мубориза алайҳи ифротгароӣ барои иштироки озоди  мардум дар идоракунии давлат ва ҳаёти динии он монеа эҷод накунад.

Чуноне ки мебинед, масоили зиёдро дар фурсати бисёр кӯтоҳ  мо баррасӣ намудем. Президент бо лутфи зиёд маро ба Тоҷикистон бо сафари дарозмуддат  даъват намуданд ва ман ин даъватро бо камоли майл пазируфтам. Айни ҳол мо ба мувофиқа омадем, ки гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб дар доираи масоили зикршуда бо ҳамкорӣ хоҳанд кард, ва кӯшиш менамоем, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои панч давлати минтақа  ва Иёлоти Мутаҳида ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Инчунин ният дорем, ки барномаҳои мушаххасро, ки метавонанд ба манофеи тарафайн бошанд, амалӣ намоем.

Мехоҳам ба Тоҷикистон изҳори минатдорӣ менамоям. Ба президент, Вазири умуру хориҷӣ барои истиқболи самимона ва меҳмоннавозиашон арзи сипос менамоям. Ва интизори онам, ки ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик ташриф оварам.  Ба ҳамагон миннатдории худро изҳор менамоям.