Вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Рэй Мэбус сафари банақшагирифтаи худро ба Тоҷикистон 7 ноябр ба анҷом расонд. Ҳангоми вақти маҳдудаш дар ш. Душанбе ҷаноби Мэбус, сардори қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва қисми пиёдақушуни баҳрии ИМА, бо намояндагони Сафорати ИМА барои муҳокимаи тарафдории пайвастаи Иёлоти Муттаҳидаро ҷиҳати дастгирии таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ боздид намуд. Инчунин ҷаноби Мэбус бо аъзоёни бахши амнияти Сафорат аз ҳисоби аскарони пиёдагарди баҳрӣ мулоқот намуд ва дар базми қисми пиёдақушуни баҳрӣ бахшида ба истиқболи солонаи таъсиси пиёдақушуни баҳрии Иёлоти Муттаҳида иштирок дошт. Ташрифи ҷаноби Мэбус ба Тоҷикистон дар доираи сафари ӯ ба як қатор кишварҳои дохили минтақаи фаъолияти Фармондеҳии ҷанубӣ, африкоӣ, марказӣ ва аврупоии ИМА сурат гирифт ва ҳангоми сафараш ӯ бо барҳнавардони ҳарбӣ, аскарони пиёдагарди баҳрӣ ва роҳбарони олирутбаи низомию ҳукуматӣ мулоқот дошт.