Душанбе, Тоҷикистон, 5-уми августи соли 2020 – Департаменти давлатии ИМА тариқи Маркази байналмиллалии “Меридиан” дар ҳамкорӣ бо Консорсиуми байналмиллалии таҳсилоти Техас барномаи маҷозии ҳаштҳафтаинаи табодул ва омӯзишро барои гурӯҳи рӯзноманигорон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор кард. Ин гурӯҳи рӯзноманигорон барои иштирок дар барномаи “Рузноманигорони сокин” дар ИМА интихоб шуда буданд. Ба далели пандемияи COVID-19 бахши иштироки шахсии барнома мавқуф гузошта шуд, аммо иштирокчиён тавонистанд, ки иртиботи маҷозӣ барқарор карда, барои истиқомат дар Амрико омодагӣ бинанд ва таҷрибаҳои беҳтаринро оид ба инъикоси пандемияи COVID-19 баррасӣ кунанд.
Дар барномаи маҷозӣ маърӯзакунандагон аз Донишгоҳи давлатии Техас, Донишгоҳи Техас дар Остин ва Донишгоҳи Техас дар Сан-Антонио ва инчунин намояндагони расонаҳои маҳаллӣ аз атрофи Остин ширкат карданд. Баромадкунандагон мавзӯҳои вобаста ба пандемияи COVID-19, аз ҷумла гузоришдиҳӣ дар шароити фосилагирии иҷтимоӣ, хабаррасонӣ оид ба ҳолати фавқулодда дар бахши тандурустии ҷамъиятӣ ва огоҳкунӣ аз ахбори носаҳеҳро мавриди муҳокима қарор доданд. Иштирокчиён ин барномаро бо интишори маводҳои журналистӣ дар бораи пандемияи COVID-19 хотима бахшида, инчунин дар мавриди таъсири пандемия ба фаъолияти расонаҳо дар кишварҳояшон ва минтақа, гузориш пешниҳод намуданд.
“Дар ҳоли ҳозир нигоҳ доштан ва тақвият додани равобити байналмиллалӣ аз гузашта дида, аҳамияти муҳим касб кардааст. Ин барномаи маҷозӣ натанҳо шабакаи минтақавии рӯзноманигорони мустақилро дар ин вазъияти ҳассос барои расонаҳои хабарӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис медиҳад, балки ин шарикӣ иртибот миёни рӯзноманигорони Осиёи Марказиро бо расонаҳои маҳалии ИМА, таҳким мебахшад.”- гуфт Робин Ҷ. Лернер, Ҷ.Д., президент ва мудири иҷроияи TIEC.
“Маркази байналмиллалии “Меридиан” аз дидори иштирокчиёни нав ва бозгаштаи барномаи “Рӯзноманигорони сокин”-и Департаменти давлатии ИМА хушҳол аст.”- гуфт президент ва мудири иҷрояи “Меридиан”, сафир Стюарт Ҳоллидей. “Ба назари мо созмон додан ва тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалӣ дар ҳоле, ки мо дар ин лаҳзаи таърихӣ истинод мегирем, шарти ҳатмӣ мебошад, ва рӯзноманигорон дар ин роҳнамоӣ нақши бебаҳо мебозанд.”
Барномаи минтақавии табодули расонаҳо рӯзноманигории мустақилро дар Осиёи Марказӣ ба василаи сафарҳои омӯзишӣ, боздидҳо барои таҳияи гузориш ва барномаи фаъоли омӯзиши рӯзноманигорони ҷавон дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек, дастгирӣ мекунад. Аз оғози ин лоиҳаи сесола дар соли 2018, 113 рӯзноманигор аз Осиёи Марказӣ дар ин барномаи мубодила ширкат карда, дар мавзӯҳои ошкор кардани ахбори носаҳеҳ ва хабаррасонии дуруст оид ба ҳодисаҳои муҳими ҷамъиятӣ донишҳои худро мукаммал карданд. Дар баробари ин ҳукумати ИМА расонаҳои мустақилро аз тариқи кӯмакҳои бебозгашт ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва барномаи панҷсолаи расонаӣ барои Осиёи Марказӣ ба маблағи 15 миллион доллар, ки аз тарафи ташкилоти Internews дар Точикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон амалӣ мешавад, дастгирӣ мекунад.
