Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Иттиҳодияи Осиёи Марказии шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ИОМ ШВНМО) аз дуввумин форуми минтақавии шахсони гирифтори ВНМО, ки аз 3-ум то-5-уми декабри соли 2015 дар ш. Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори ташкилотҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват ба амал овард. Бо мақсади боз доштани паҳншавии ВНМО дар Осиёи Марказӣ, огоҳии ҷамъиятиро дар бораи ин беморӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО баланд бардошта, нисбат ба стигма(доғи нанг) бояд вокуниши шадид нишон дод.
Форуми мазкур ба баргузор намудани муколама ва мубодилаи таҷриба миёни ташкилотҳо дар доираи чораҳои пешгирикунанда; бартараф кардани стигма (табъиз) ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО; муайян намудани афзалиятҳои ҳамкории байниминтақавӣ бо шабакаҳои ШВНМО, беҳтар намудани дастрасии иттилоотӣ ба барномаҳои пешгирикунандаи ВНМО ва дастгирӣ намудани шахсони гирифтори ин беморӣ мусоидат намуда, механизми шарикӣ ва ҳамкориро миёни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ВНМО фаъолият мекунанд, таҳия менамояд.
Бо суханони ифтитоҳӣ Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷафаров ба форуми мазкур ҳусни оғоз бахшиданд. Хонум Ҳэйден аз оқибатҳои харобкунандаи сирояти ВНМО, ки ба шахсони алоҳида ва хонаводаи онҳо, инчунин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамолики дунё таъсир расонидаанд зикр намуда, барои дастгирии шахсони гирифтори ВНМО даъват ба амал овард.
Бардошт аз нахустин тадқиқот «Нишондиҳандаи аломати махсус (стигма)» эълон гардида, ҳадафҳои Барномаи СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) «90-90-90» ва масоил марбут ба табобати мақсаднок ҷиҳати боз доштани паҳншавии ВНМО тавассути таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои таббӣ ва пешгирӣ аз ҷониби иштирокчиён таҳти баррасӣ қарор гирифтанд. То соли 2020 90 фоизи шахсони гирифтори ВНМО аз воқеияти сирояти худ воқиф хоҳанд шуд; 90 фоизи сироятшавандагони ВНМО таҳти муолиҷаи устувори зиддиретровирусӣ қарор хоҳанд гирифт; ва аз 90 фоизи шахсони таҳти муолиҷаи зиддиретровирусӣ қарор гирифта , имкони рушди вирус коҳиш хоҳад ёфт.
Дар форуми мазкур намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, оҷонсиҳои СММ, ташкилоти «Фонди ВНМО Шарқ-Ғарб» иштирок карданд.
Лоиҳаи «Пешсафи шахсони гирифтори ВНМО» яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки аз ҷониби халқи Амрико тавассути USAID дастгирӣ шудааст. USAID агентии пешбари ҳукумати Амрико ба ҳисоб рафта, дар якҷоягӣ бо халқи Осиёи Марказӣ рушду равнақи иҷтимоӣ ва иқтисодиро таъмин менамояд.