Дастгирии Ҳукумати ИМА дар ҷорӣ намудани усули нави табобати бемории сил дар Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон, 8-уми феврали соли 2018 – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ба ҷорӣ намудани реҷаи нави табобати кўтоҳмуддати бемории сили ба доруҳо устувор барои ҳамаи мубталоёни ин беморӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия шудааст, мусоидат мекунад. Дар ин робита маросиме баргузор гардид, ки дар он Роҳбари USAID дар Тоҷикистон Кейт Кроуфорд ва мудири Барномаи миллии мубориза бо бемории сил Аслиддин Раҷабов иштирок намуда, аввалин гурўҳи беморони силро, ки аз даҳ нафар иборат аст, бо табобати муваффақ табрик гуфтанд.

Муҳлати табобати бемории сил бо усули нав аз нуҳ то ёздаҳ моҳро ташкил медиҳад, ки ба нисфи муҳлати табобати маъмулӣ баробар аст, ҳол он, ки табобат бо усули анъанавӣ муҳлати ду солро дар бар мегирад. Чи тавре ки натиҷаҳои табобати гурӯҳҳи аввалини беморон нишон медиҳад, табобат бо усули нав барои беморон аз реҷаҳои маъмулӣ дида таҳаммулпазиртар аст. Ин қадами бузургест дар роҳи мубориза бо бемории сил.

Табобати кўтоҳмуддат бо усули нав моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, алҳол 75 нафар аз шаш ноҳияҳои тобеи марказ ва ш. Душанбе мавриди табобат қарор гирифтанд. Дар мавриди таъсири ногувори доруҳо дар давоми табобат бо усули нав шикояти беморон ба таъсироти ногувор, назар ба бемороне, ки бо усули маъмулӣ табобат мегирфтанд, камтар ба назар мерасид. Ҳамзамон, бемороне, ки бо усули нав табобатро ба анҷом расондаанд, аз бемории сил зудтар шифо ёфтанд.

Дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар ба ҳисоб меравад. Ҳар сол тақрибан 800 шаҳрванди Тоҷикистон бо бемории сили ба доруҳои гуногун устувор ташхис мешаванд. Умдатан, шумораи ин бемороне, ки  ба ду доруи самараноктарини зиддисилӣ устувор шудаанд, зиёд шуда истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва лоиҳаи «Challenge TB» (Даъват ба мубориза бо сил) нақша доранд, ки то охири соли 2019 табобати беморони силро бо усули нав дар саросари ҷумҳурӣ ҷорӣ намоянд. Ин ибтикор имкон медиҳад, ки садҳо гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун устувор ба табобат бо усули нав фаро гирифта шаванд. Лоиҳаи «Challenge TB» ин иқдомро  дастгири намуда ба тариқи ҷорӣ намудани системаҳои зарурӣ ва таълими кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд. Чунин дастгирӣ дар давоми ду соли минбаъда низ идома хоҳад ёфт.

Лоиҳаи «Challenge TB» яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кўмаки мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир мегардад. Дар давоми 26 соли охир, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе маблағи беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.