Мусоидати ҳукумати ИМА ба баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ дар Тоҷикистон

Сафири ИМА Элизабет Миллард ҳамроҳ бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, мансабдорони маҳаллии идораҳои маориф, омӯзгорон ва намояндагони доираҳои зидахл дар соҳаи маориф дар тақдими муштараки Вазорати маориф ва илм ва лоиҳаи USAID «Хониши босифат» дар бораи натиҷаҳои миёнамӯҳлати «Арзёбии маҳорати хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ» барои соли 2016 иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки маълумотҳои ибтидоии арзёбии мазкур дар моҳи декабри соли 2014 пешниҳод гардида буд.

Арзёбии маҳорати хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ (EGRA) абзорест, ки дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешавад. EGRA таҳлилҳои беғаразонаро дар мавриди маҳорати хониши талабагон пешниҳод менамояд. Дар Тоҷикистон EGRA-и миёнамӯҳлат дар моҳҳои апрел ва майи соли 2016 гузаронида шуд, ки он 132 мактаб бо тақрибан 7500 талабагонро таҳти пӯшиши худ қарор гирифт. Дар натиҷаи баргузории арзёбии мазкур шарҳи мураттаб дар мавриди сатҳи саводнокӣ дар Тоҷикистон омода гардид. Ғайр аз ин бояд тазаккур дод, ки EGRA барои сиёсатгузорон ҳамчун манбаи маълумот хизмат менамояд, азбаски онҳо барои беҳтар гардонидани маҳорати хонишу фаҳмиши талабагони синфҳои ибтидоӣ тавсияҳо матраҳ мекунанд.

USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон абзори EGRA-ро татбиқ намуданд, то ки дар бораи сатҳи хониши талабагони синфҳои 1-4 дар саросари Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо кунанд. Ин абзор барои мусоидат ба Стандартҳои миллии нав ҷиҳати муайян кардани маҳорати хониши талабагони синфҳои 1-4 матраҳ гардидааст. Қобили зикр аст, ки стандартҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар ҳамкорӣ бо ЛоиҳаиUSAID «Хониши босифат» ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф таҳия шудааст.

USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. Барои эътирофи ин ҳамкорӣ USAID бо хушнудӣ ин маълумотҳои муҳимро дар робита ба натиҷаҳои миёнамӯҳлати EGRA ба Вазорати маориф ва илм тақдим намуд, ки ҳадаф аз он мустаҳкам намудани маҳорати хониши талабагон дар саросари Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи USAID «Хониши босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ мегардад. Дар 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 миллиард доллар барои барномаҳое тақдим намуд, ки ба мусоидат намудан ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона мебошанд.