Сафири Иёлоти Муттаҳида Сюзан М. Эллиотт бо ҳамроҳии намояндагони Сафорати ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 27 июли соли 2015 дар машварати САҲА оид ба омодагии татбиқи масоили андозагирии инсонӣ иштирок дошт. Вазъи кунунии риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон дар чорабинӣ муҳокима шуд. Зимни суханрониаш Сафир Эллиотт аҳамиятнокии ҳуқуқҳои инсонро дар озодии сухан дар ВАО, хушунати оилавӣ, муҳоҷират ва амният дар қувваҳои мусаллаҳ қайд кард.
Сафир Эллиотт таъкид дошт, ки васоити ахбори оммаи озоду мустақил на мояи таҳдиди амният, балки ҳимоя зидди он мебошад. Сафир афзуд, ки ҳангоми шарҳи масоили амният бояд мувозинатро байни нигаронии асосдоштаи Ҳуқумат оид ба соҳаи амният ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин шудаанд, бояд нигоҳ дошта шавад. Инчунин Сафир тавсия дод, ки дастрасӣ ба ахбороти мустақил маҳдуд нашавад, чунки ин амал шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ахбороти бардуруғи сиёсигардонидашуда аз дигар манбаҳо осебпазир хоҳад гардонид. Дар поёни сухан Сафир Эллиотт пешниҳод кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва ВАО фаъолона дастрасии шаҳрвандонро ба ахбороти мустақил бо мақсади коҳиш додани эҳтимолияти ахбороти бардуруғ ва ҳавасмандкунии ин соҳа, ки он бештар мухталиф, рақобатпазир ва судбахш бошад, ҳифзу мусоидат намоянд.
Дар баромади худ Атташеи ҳарбии ИМА ҷаноби Сувари таъмини ҳуқуқҳои асосии аскаронро бо дарназардошти амнияти миллӣ муҳокима намуд. Ӯ ташвиқ кард, ки дар ҳаллу фасли шикоятҳо аз ҷониби аъзоёни қувваҳои мусаллаҳ муҳокимаи кушод истифода шавад ва макону имконияти пешниҳоди шикоят таъмин шавад, чунки ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои изҳорӣ норозигӣ дар ҳуқуқи аскарон барои пешниҳоди шикоят инъикос меёбад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи давраҳои омӯзишии худ бо шарикони тоҷик қисми омӯзиши ҳуқуқҳои инсонро шомил мекунад.
Намояндагии ИМА дар Тоҷикистон тарафдори анъанавии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебошад, ки он шарти зарур барои рушду инкишофи баробарҳуқуқи ҳар ҷомеа аст. Барномаҳои ёрирасони Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар принсипи муштарак асос ёфтааст, ки ҳар одам ҳуқуқ ба зиндагии шоиста бе поймолкунии ҳуқуқ ё зуроварӣ дорад. Давоми 20 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо Ҳукумати Тоҷикистон, қувваҳои мусаллаҳ, ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ баҳри таъмини ҳурмати ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки демократӣ, ки барои рушди кишвари мустаҳкамтар зарур аст, ҳамкорӣ менамояд.