Дастгирии Ҳукумати ИМА дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон

Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ва ҷонишини директори намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ҷаноб Дэвид Браун дар якҷоягӣ бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷафаров Наврӯз дар конфронси ҷамъбастӣ бахшида ба анҷоми фаъолияти лоиҳаи USAID “Тандурустии босифат” ҳамраисӣ карданд. Дар конфронси мазкур бисёр аз натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи “Тандурустии босифат” дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла саломатии модару кӯдак, саломатии репродуктивӣ, бемории сил, ВНМБ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд.

Сафир Эллиотт дастовардҳои лоиҳаи “Тандурустии босифат”-ро дар таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010 зикр кард. Масалан, лоиҳаи “Тандурустии босифат” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба стандартҳои байналмилалии пешгирӣ, муоина, ташхис ва усулҳои муолиҷа кӯмаки техникӣ расонд.

Инчунин, лоиҳаи “Тандурустии босифат” муваффақона системаи назорату идоракунии сифати кори шабакаи миллии озмоишгоҳҳои сил беҳтар гардонда, имкониятҳои табобати амбулатории беморони сил вусъат дод ва шабакаи фаъолони ҷомеаро, ки чорабиниҳои пешгирии бемории силро тавассути гурӯҳҳои дастгирии беморони сил мегузаронад, таъсис дод. Лоиҳаи “Тандурустии босифат” як қатор хизматрасониҳои ҳамаҷонибаи ВНМБ барои гурӯҳҳои зери хатар қарордоштаи Тоҷикистон таҳия намуд ва барои ҳамгироии хадамотҳои ВНМБ ва бемории сил кӯмак расонд. Лоиҳаи “Тандурустии босифат” консепсияи шӯрои машваратии намояндагони ҷомеаро назди марказҳои саломатӣ барои ҷалби бештари муштариён ва мустаҳкам намудани нақши ҷомеаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар муайян намудани афзалиятҳои тандурустӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам таҳия ва татбиқ намуд.

Дар соҳаи саломатии модару кӯдак лоиҳаи “Тандурустии босифат” шумораи занонеро, ки бо идоракунии фаъоли марҳалаи сеюми таваллуд фаро гирифта шудаанд, аз 46 дар сад дар соли якуми лоиҳа то 99 дар сад дар соли панҷуми лоиҳа баланд бардошт. Ҳамчунин, шумораи занон, ки аз машваратҳои пеш аз таваллуд мегузаранд, аз 22 то 64 дар сад афзоиш ёфт. Лоиҳаи мазкур барои таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои миллии танзими оила, нигоҳубини антенаталӣ, назорати сироятӣ ва нигоҳубини неонаталӣ низ мусоидат намуд.

Лоиҳаи “Тандурустии босифат” дар ворид намудани принсипҳои тибби исботкунанда, такмили таҳсил дар соҳаи тибби оилавӣ ва истифодабарии оқилонаи антибиотикҳо мусоидат намуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пайвастаю кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштан ихтисосу тақвияти иқтидори кормандони тиб, ба USAID изҳори миннатдорӣ баён намуд. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки духтурон одатан барои омӯхтани тамоюлҳои нави тандурустӣ ба маҷаллаҳои тиббӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос такя мекунанд, вале дар Тоҷикистон мутахассисони гурӯҳи синну соли миёна ба таҳсилоти тиббӣ дастрасӣ надоранд. Лоиҳаи “Тандурустии босифат” дар баланд бардоштани савияи дониши духтурон оид ба усулҳои муосири тиббӣ ва ба садҳо одамони саросари Тоҷикистон кӯмак расонд.

Лоиҳаи мазкур намунаи тарафдории ИМА ба вусъат додани дастрасӣ ба ёрии тиббии баландсифат дар Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки грантии USAID ба Тоҷикистон ҳар сол 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки 30 дарсади он ба соҳаи тандурустӣ равона мешавад.