Аз 20-уми июли соли ҷорӣ, аз оғози обхезӣ ва фаромадани ярч дар ноҳияи Ғарми водии Рашт Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID ) ҷудо намудааст. Кӯмаки мазкур иборат аз хаймаҳо, маҷмӯи таҷҳизоти тиббиву санитарӣ, оби ошомиданӣ ва дигар маводҳои ниёзи аввал ба хонаводаҳои деҳаҳои Бедак, Халқарф, Пингон ва Мазори Боло дастрас гардид. Ин кӯмакҳо мувофиқи дархостҳои Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони ҳукуматӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ҳамоҳанг мегардад.
Сафир Сюзан Эллиотт хисороти зиёдро дар водии Вахш дарк намуда, 5-уми августи соли 2015 ҷиҳати амалӣ гардонидани дархости Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак изҳоротро оид ба офати табиӣ қабул намуд. Қабле пеш, 12-уми августи соли 2015, Сафир Эллиотт аз ноҳияҳои зарардида дидан намуда, бо осебдидагони офатҳои табиӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ мулоқот намуд.
Аз рӯи маълумотҳои REACT, обхезӣ боиси марги 8 нафар гашта, бар асари он зиёда аз 500 нафар хонаҳои худро аз даст доданд. Аввали моҳ, Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, таҷҳизоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонида буд. Кӯмакҳои муштарак аз ҷониби оҷонсиҳои мухталиф ва созмонҳои шарик аз иродаи қавии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои мушкил шаҳодат медиҳанд.