Душанбе, Тоҷикистон, 14-уми июли 2020 – Шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Департаменти давлатии ИМА бо камоли хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ тавассути барномаи Сафорат оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва гузаронидани маъракаҳо барои муҳофизати муҳити зист дастрас карда мешавад. Ин барнома ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатарҳои ҷиддӣ ба муҳити зист дар Тоҷикистон ва пешбурди иқдоми шаҳрвандӣ барои мусоидат дар ҳалли ин мушкилот равона шудааст.
Шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ва расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон даъват менамояд, ки пешниҳоди грантии худро дар самтҳои афзалиятнок ирсол намоянд. Самтҳои афзалиятноки ин маърака чунинанд: баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ифлосшавии обу ҳаво дар Тоҷикистон, оқибатҳои зараровари бадшавии муҳити зист, идоракунии партовҳо ва андешидани чораҳо барои ҳалли ин мушкилот.
Пешниҳоди грантӣ набояд аз даҳ саҳифа зиёд бошад. Ҳамаи дархостҳо бояд то 14 августи соли 2020 соати 11:59-и шаб ба вақти шарқии ИМА пешниҳод карда шаванд. Лоиҳаҳо бояд барои 9-12 моҳ тарҳрезӣ шуда, ҳаҷми буҷеташон аз 5000 то 25000 доллари ИМА бошад. Пешниҳодҳо бояд ба забони англисӣ навишта шуда, буҷеташон бо доллари ИМА ифода ёбад.
Тибқи нақшаи Сафорат, аз 1 то 3 лоиҳа, то 30 сентябри соли 2020 барои маблағгузорӣ интихоб карда мешаванд. Дар сурати пайдо шудани саволҳо оид ба омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳо, метавонед тариқи почтаи электронии GrantProposalsDushanbe@state.gov тамос гиред.
Маълумоти пурраро аз пайвандҳои зерин пайдо кунед:
- Эълон дар бораи имконияти маблағгузорӣ (PDF 761 KB )
- SF424-Application for Federal Assistance – organizations (PDF 265 KB)
- SF424-Instruction for Organization Form (PDF 319 KB)
- SF424A-Budget Information for Non-Construction programs (PDF 1 MB)
- SF424A-Budget Information for Non-Construction programs Instructions (PDF 347 KB)
- SF424B-Assurances for Non-Construction programs (PDF 70 KB)
- Budget Narrative Sample Template (XLSX 29 KB)
- Small Grant Budget Template (XLSX 74 KB)