Ҳукумати ИМА барои муҳофизат аз коронавирус таҷҳизоти муҳофизатӣ ва кумаки техникӣ пешниҳод менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 12-уми март, соли 2020Иҷрокунандаи вазифаи директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, хонум Кэтрин Оуэнз ва роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, доктор Галина Перфилиева, имрӯз, дар доираи як маросим дар Душанбе таҷҳизоти муҳофизатии шахсиро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисмати кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои омодагӣ ба ҳама гуна паҳншавии бемории нави коронавирус, COVID-19 супориданд.

Ҳукумати ИМА, инчунин ӯҳдадории худро оид ба ҷудо намудани 37 миллион доллари ИМА аз ҷониби Фонди эҳтиётии фавқулодда барои бемориҳои сироятии USAID барои 25 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти таъсири COVID-19 ё хатари баланди паҳншавии он қарор доранд, эълон намуд.  Ин аввалин маблағҳои ҳукумати ИМА, ки дар ҳаҷми то 100 миллион доллар аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА аз 7 феврали соли 2020 эълон карда шуда буданд, мебошанд.

Таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ, ки бо дастгирии саховатмандонаи мардуми Амрико тавассути USAID пешниҳод карда шудааст, 12,000 ниқобҳои ҷарроҳӣ, 12,000 дастпӯшҳои ташхисӣ, 1400 хилъатҳои ҷарроҳӣ ва 400 айнакҳои муҳофизатиро дар бар мегирад. Ин таҷҳизот ба муассисаҳои тиббии шаҳру вилоятҳои мамлакат тақсим карда мешаванд.

“Ин таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ идомаи муҳими шарикии мо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошанд. Мо якҷоя ба мубориза алайҳи ин бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ омодагӣ мебинем ва кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дастгирӣ менамоем. Ин таҷҳизоти муҳим мутахассисони соҳаи тандурустиро, ки бо беморони дар карантин буда кор мекунанд, муҳофизат хоҳанд кард, дар ҳоле ки маблағҳои иловагӣ кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҳолатҳои эҳтимолии COVID-19 дастгирӣ хоҳанд кард,” гуфт иҷрокунандаи вазифаи директори USAID, хонум Кэтрин Оуэнз.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои имконпазирро барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон дида истодааст ва дастгирии саховатмандонаи мардуми Амрикоро тавассути USAID дар ин кор саривақтӣ ва бебаҳо мешуморад”, гуфт муовини Вазир Мирҳамуддин Камолзода. Гарчанде ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 вуҷуд надорад, таҷҳизоти муҳофизти шахсӣ кормандони соҳаи тибро дар саросари кишвар ҳимоя хоҳад кард ва имкон медиҳад, ки ба беморони эҳтимолии COVID-19 дар Тоҷикистон ёрии фаврӣ ва бехатар расонида шавад. Ин маҷмӯи кӯмак бо дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Илова бар ин кӯмаки фаврӣ, Иёлоти Муттаҳида бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббии илман асоснок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, ҷиҳати беҳтар кардани саломатии мардум дар кишвар ҳамкорӣ менамояд. Ба онҳо талошҳои дарозмуддат оид ба мубориза бо паҳншавии сили ба доруворӣ мутобиқшуда, коҳиш додани паҳншавии сирояти ВНМО, беҳтар кардани вазъи саломатии занон ва кӯдакон тавассути пешниҳод намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва ғизои солим, дохил мешаванд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.  Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook:  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia