Душанбе, Тоҷикистон, 15 феврали соли 2017 – Сафири ИМА Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи гармхонаи нав дар деҳаи Ғайрат, воқеъ дар наздикии шаҳри Қўрғонтеппа, иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони як қатор ҷонибҳои манфиатдори калидӣ, аз ҷумла ҷонишини Раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ҳузур доштанд.
Дар давоми якчанд сол дар вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳои USAID таҳти ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» корҳо оиди лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани навъҳои беҳтаргардонидаи гармхонаҳо ба анҷом расиданд. Гармхонаҳо ба деҳқонон имкон медиҳанд, ки ҳатто баъди гузаштани мавсим сабзавотҳои серғизоро тавлид намоянд, яъне дар вақти афзоиш ёфтани талабот ба сабзавотҳо ва боло рафтани нархи онҳо. Ғайр аз ин, гармхонаҳоро барои истеҳсоли кўчатҳои баландсифат ва солим дар оғози фасли баҳор ба таври васеъ истифода мебаранд. Баъдан кўчатҳоро ба дигар деҳқонон мефурўшанд. Деҳқонони харидор, дар навбати худ, ин кўчатҳоро дар майдонҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ мешинонанд. Гармхонаи нав дорои сохтори хос буда, ба тавсеаи ҳудуд барои истеҳсоли шумораи зиёди кўчатҳо имкон медиҳад. Гармхонаи нав аз масолеҳи сохтмони мустаҳкам сохта шуда, аз рӯи ҳаҷм назар ба моделҳои пешин тадриҷан калонтар аст ва барои фаъолият дар давоми тамоми сол пешбинӣ шудааст. Дар он истеҳсоли кўчатҳо ба миқдори то 200.000 дар як сол имконпазир аст. Лоиҳа оиди ҷорӣ намудани технологияҳои парвариши сабзавотҳои серғизову ҳассос таҳти ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Ҷумҳурии Тоҳикистон ба лоиҳакашӣ ва сохтмони гармхонаи нав мусоидат намуд. Лоиҳаи мазкур сохтмон ва тарҳи гармхонаро дар чаҳорчӯбаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ бо деҳқонони маҳаллӣ дастгирӣ намуд.
Пас аз маросими ифтитоҳи гармхонаи нав, Сафири Миллард аз як қатор чорабиниҳои дигар низ дидан намуд, ки дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» амалӣ мегарданд, аз ҷумла марказҳои таълимӣ оид ба парвариши кўчатҳо, бофандагӣ ва дўзандагӣ, ки таҳти Лоиҳа оиди дастгирии соҳибкории занон бо мақсади густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, Сафир Миллард аз қитъаи замини намунавӣ дидан кард, ки дар он брокколи, гулкарам ва карами брюсселӣ парвариш менамоянд. Бояд қайд намуд, ки кор дар қитъаи замини намунавии мазкур бо дастгирии молиявии чорабинӣ оиди мусоидат ба рушди кишоварзӣ ва хоҷагии об дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» анҷом дода мешавад. ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ибтикори ҷаҳонии Ҳукумати ИМА мебошад, ки ҳадаф аз он мубориза бо гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар тамоми кишварҳо мебошад. Дар Тоҷикистон чорабиниҳои ташаббуси мазкур аз ҷониби USAID амалӣ мегарданд.
Таваҷҷўҳи асосии ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба рушди фаъолияти деҳқонони хурд, ва ба хусус ба занон, равона мебошад ва дар ин росто ташаббус бо кишварҳои гуногун ҷиҳати инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳаррук бахшидан ба рушди иқтисод ва савдо ҳамкорӣ менамояд, ки ин дар натиҷа ба зиёд гардидани даромадҳои аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи гуруснагӣ, фақр ва камғизоӣ оварда мерасонад.