Хизматрасонии аввалин оид ба фиристодани паёмҳо оиди тандурустӣ оғоз шуд

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо созмони “Ҳайати шафқат” ва ширкати Tcell нахустин хизматрасонии паёмҳо оиди саломатӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд, ки “Солимии мобилӣ” ном дорад. Ин шакли хизматрасони инноватсионӣ аз технологияи мобилӣ истифода бурда, маълумоти муҳимро оиди саломатии занону оилаи онҳо ба воситаи паёмҳои матн, садо ва рақами хадамоти маълумотдиҳӣ, ки занон ба он занг зада, саволҳои иловагӣ вобаста ба саломатӣ ва ғизо дода метавонанд, дастрас мекунад.

Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден, роҳбари генералии ширкати Tcell ҷаноби Миндаугас Убартас, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бобоҳоҷиева Лола ва роҳбари созмони “Ҳайати шафқат” дар Тоҷикистон ҷаноби Рамеш Сингҳ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден таъкид дошт, ки ин шакли хизматрасонӣ намунаи муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мебошад ва тавассути чунин ҳамкориҳо ба дастовардҳои мусбат ноил шудан мумкин аст.

Тақрибан 5000 занони синну соли қобили таваллуд дар марҳилаи аввали хизматрасонӣ ба кайд гирифта мешаванд ва ба занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдакони синни то 2 сола таваҷҷӯҳи махсус ҷалб мешавад. Ба ҳар зан ҳафтае ду маротиба ба телефони мобилиаш паём дар бораи чунин мавзӯъҳо, монанди усули дурусти синамаконӣ, ғизои тифлу кӯдакони хурдсол, ғизои умумӣ ва усулҳои танзими оила, фиристода мешавад. Илова бар ин, 1000 нафар ихтиёрон-кормандони тандурустии ҷамъиятӣ, ки дар доираи лоиҳаи “Солимии модару кӯдак” оид ба мавзӯъҳои гуногуни тандурустӣ ва ғизо омӯзонида шудаанд, ба занҳо барои беҳтар фаҳмидан ва истифодаи ин паёмҳо дар вақти давраҳои омӯзишӣ ва ташрифи хонагӣ кӯмак мерасонанд.

Ин фаъолият бахши лоиҳаи “Солимии модару кӯдак”-и USAID мебошад ва аз ҷониби созмони “Ҳайати шафқат” дар 12 навоҳии вилояти Хатлон дар минтақаи амалиёти ташаббуси “Ғизо ба хотири фардо” амалӣ карда мешавад. ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи хизматрасонии “Солимии мобилӣ” бисёр дастгирӣ расонданд.

USAID муассисаи пешбарандаи Ҳукумати ИМА мебошад ва якҷоя бо мардуми Осиёи Марказӣ пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодиро барпо месозад.

“Ғизо ба хотири фардо” ташаббуси умумиҷаҳонии Ҳукумати ИМА барои мубориза зидди гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳи махсус ба хоҷагидорони хурд ва махсусан ба занҳо лоиҳаи “Ғизо ба хотири фардо” ба кишварҳои шарик дар рушди соҳаи кишоварзиашон барои мусоидат ба рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати афзоиши даромад ва коҳиши сатҳи гуруснагӣ, камбизоатӣ ва камғизоӣ дастгирӣ мерасонад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ аз сомонаи www.feedthefuture.gov дидан кунед.