Ҳукумати ИМА Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ-ро дар Тоҷикистон қайд менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 1-уми декабри соли 2021 – Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ-ро бо мақсади дастгирии шахсони гирифтори ВНМО ва аз эпидемияи ВНМО зарардида, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба  ВНМО дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон, инчунин мубориза бо тамға ва табъиз барои одамони гирифтори ин беморӣ ва гиромидошти хотираи онҳое, ки аз БПНМ аз оғози эпидемия фавтидаанд, таҷлил мекунанд.

Имсол ҳукумати Иёлоти Муттаҳида 30-солагии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва 18-солагии ширкати худро дар мубориза бо эпидемияи ВИЧ/СПИД дар ин кишвар таҷлил мекунад. Нақшаи изтирории раисиҷумҳури ИМА оид ба рафъи СПИД (PEPFAR) бо Тоҷикистон барои назорати эпидемияи ВНМО тавассути тавсеа ва беҳбуди хадамоти тиббӣ, баланд бардоштани нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар пешгирӣ, нигоҳубин ва табобати ВНМО, мусоидат ба пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ҳамкорӣ мекунад. инчунин ба пешбурди табобати самараноки одамони гирифтори ВНМО мусоидат менамояд. Аз соли 2003 инҷониб Иёлоти Муттаҳида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон ва кумак ба беморони гирифтори табобати муассир беш аз 40 миллион доллар ҷудо кардааст.

Паҳншавии сирояти ВНМО ҳамчунон як мушкили ҷиддии тандурустии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имрӯз дар кишвар тахминан 14 000 нафар бо ВНМО умр ба сар мебаранд. То моҳи октябри соли 2021, 71 фоизи калонсолони мубталои ВНМО аз ташхис гузашӣа, мақоми худро медонистанд; ва аз ин шумора, 86 фоизи онҳо табобати зиддиретровирусии ҳаётбахш гирифтанд; ва дар байни онҳое, ки дар муолиҷа қарор доранд, 87 дарсад ба сарбории пасти вирусӣ ноил шудаанд, ки ин маънои коҳиши хатари интиқоли ВНМО ба дигаронро дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии

Бо мақсади суръат бахшидан ба раванди мубориза бо эпидемия, паст кардани сатҳи фавт аз бемории пайдошудаи норасоии масуният, дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои босифати марбут ба ВНМО оид ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин, дар моҳи феврали соли 2021 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин Барномаи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ-ро дар кишвар барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ намудааст.

Дар вокуниш ба пандемияи COVID-19, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо PEPFAR тавонист системаи тандурустӣ ва шарикони худро дар ҷомеа барои мутобиқсозӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дастгирии шахсони гирифтори ВНМО дар шароити пандемия омода намояд.

PEPFAR ва USAID дар ҳамкорӣ ва шарикӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ-ро тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муоссири дастрасӣ ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин, вобаста ба ВНМО, дастгирӣ мекунанд.

Мавзӯи имсола “Қатъи эпидемияи ВНМО/БПНМ: Дастрасии баробар ва овози ҳама” аст. Он ӯҳдадории қавии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро барои барҳам додани эпидемияи ВНМО дар саросари ҷаҳон тавассути мубориза бо нобаробарӣ дар соҳаи тандурустӣ ва кафолат додани он, ки овози одамони гирифтори ВНМО дар тамоми кори мо муҳим аст, таъкид мекунад. Соли ҷорӣ дар ин раванд махсусан муҳим аст, зеро мо 40-солагии расман эътироф намудани панҷ ҳодисаи аввалини бемории БПНМ-ро қайд мекунем ва ёдоварӣ аз зиёда аз 36 миллион нафарро, ки аз лаҳзаи оғози эпидемия аз бемориҳои марбут ба БПНМ дар саросари ҷаҳон фавтидаанд, менамоем.