Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо оғоз менамояд

Feed the Future logoҲукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини раиси вилояти Хатлон хонум Махфират Хидирзода ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саида Умарзода расман ба лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки барои беҳтар намудани саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар самти мубориза бо гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Тоҷикистон ҷиҳати бунёди ҷаҳон бидуни қашшоқии шадид, камбудии ғизо ва гуруснагӣ ба талошҳои байналмиллалӣ шомил гашт. Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тибби дар сатҳи оила, ҷамоат, дармонгоҳ ва кишвар ҷиҳати беҳтар кардани вазъи саломатии модар, навзоду атфол, бахусус дар самти беҳбуди ғизо, тозагии санитарӣ ва беҳдоштии онҳо мусоидат хоҳад кард.USAID logo

Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID ба мӯҳлати панҷ сол маблағгузорӣ мегардад, имкониятҳои кормандони тиббро дар бахши ҳифзи саломатии модару кӯдак фароҳам оварда, ба ҷамоатҳо тавассути муррабиёни ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ ва кумитаҳои рушди деҳот дар сайқал додани донишу малака оид ба нигаҳдории маводи ғизоӣ, тақсими буҷаи оила, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва асосҳои беҳдоштии шахсӣ мусоидат мекунад. Он ичунин дар арзёбӣ ва такмили сиёсати миллӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.

«Озуқаворӣ ба хотири оянда» -ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон буда, фаъолияти он дар самти дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ба хусус бо иштироки занон, равона шудааст. Ташаббуси мазкур ба кишварҳои шарик дар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати тезонидани раванди рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, ки он, дар навбати худ, ба афзудани даромад ва коҳиш ёфтани сатҳи гуруснагиву камбизоатӣ ва норасоии ғизо мусоидат менамояд, кӯмак мерасонад. Барои гирифтани маълумоти бештар лутфан аз сомонаи www.feedthefuture.gov дидан намоед.

USAID – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.