Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барномаи навро оид ба амнияти озуқаворӣ оғоз менамояд

Feed the Future logoҲукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи навро оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муариффӣ намуд. Муовини ёвари директори USAID хонум Анн Мари Ястишок, ҷонишини аввали Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷорҷ Дейкун ва Директори дафтари USAID дар Тоҷикистон хонум Кэтлин Макдоналд расман ба лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки он ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон ба мӯҳлати се сол маблағгузорӣ мешавад, ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гуногуншакл намудан ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзиашон мусоидат хоҳад кард. Бо мақсади гуногуншакл намудани анвои озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифати ғизо дар 12 ноҳияҳои зери ҳадаф қарордоштаи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, барнома фаъолияти худро дар панҷ самти бо озуқаворӣ алоқаманди хоҷагии қишлоқ, минҷумла ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, обчакорӣ, боғдорӣ, маҳсулоти ширӣ ва обёрӣ ба роҳ хоҳад монд.

USAID logoЛоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”–ташаббусҳои донишгоҳҳо, корхонаҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиеро, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои хурди фермериро бо роҳи ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои сифатноки истеҳсолот, хизматрасонӣ дар самти ҳамлу нақл, коркард, анборкунӣ ва маркетинги маҳсулот дастгирӣ менамоянд, ҷонибдорӣ хоҳад кард. Фаъолияти лоиҳа инчунин маблағгузорӣ ва омӯзиши соҳибкорони хусусиро дар самти коркарди маҳсулоти хӯрока, ки дар такмили раванди коркард ва нигаҳдории сабзавоту меваҷот ва маҳсулоти ширӣ ҳавасманданд, пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, лоиҳа ба таъминкунандагони хусусии таҷҳизоти кишоварзӣ барои зиёд намудани теъдод ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти таҷҳизоти кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар вилояти Хатлон кӯмак мерасонад.

Дар бораи барнома: Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» -ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон буда, фаъолияти он дар самти дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ба хусус бо иштироки занон, равона шудааст. Барномаи мазкур ба кишварҳои шарик дар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ба хотири тезонидани раванди рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, ки он, дар навбати худ, ба афзудани даромад ва коҳиш ёфтани сатҳи гуруснагиву камбизоатӣ ва норасоии ғизо мусоидат менамояд, кӯмак мерасонад. Барои маълумоти бештар лутфан аз сомонаи www.feedthefuture.gov дидан намоед.

Дар бораи USAID: USAID созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардумони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.