Аз 15-ум то 17-ми марти соли ҷорӣ Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) курси омӯзишии сатҳи ҷумҳуриявиро оид ба бемории сил барои хабарнигорони маҳаллии телевизион, радио ва матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон доир намуд. Курси мазкур аз ҷониби Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар ҳамкории зич бо Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ташкил гардида, ба мӯҳлати се рӯз баргузор гардид.
Барнома ба понздаҳ нафар хабарнигорон ҷиҳати сайқал додани дониши худ марбут ба бемории сил имконият фароҳам оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба таҳия намудани гузоришҳои дақиқ дар бораи эпидемиология, ташхис, муолиҷаи бемории сил ва коҳиш додани доғдоркунӣ, ки одатан дар робита бо бемории сил сурат мегирад, ҷалб намуд. Иштирокчиён нақши васоити оммаи ахборро дар пешгирӣ намудани бемории сил, аз ҷумла зоҳир намудани таҳаммул нисбат ба шахсони ба бемории сил осебпазир ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа дар бораи бемории мазкур мавриди таҳқиқ қарор доданд.
Бо мақсади васеъ намудани доираи фарогирӣ, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои кормандони расонаҳои хабарӣ ва хабарнигорони вилояти Суғд курси минтақавии омӯзиширо доир менамояд. Пас аз анҷоми омӯзиши мазкур, барнома озмуни гузориши беҳтарини васоити ахбори оммаро дар бораи бемории сил дар Тоҷикистон эълон менамояд.
Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил – барномаи панҷсола бо маблағи 13,2 миллион доллари ИМА буда, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт бо мақсади коҳиш додани талафоти бемории сил ва паҳн намудани шакли ба доруворӣ мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. USAID созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд. Аз соли 1992 инҷониб, USAID беш аз 360 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакрасон ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.