Ҳукумати ИМА хоҷагиҳои ноҳияи Норакро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд

Норак, Тоҷикистон – Сафири ИМА Элизабет Миллард ва муовини якуми Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар ифтитоҳи системаи нави таъминкунӣ бо оби ошомиданӣ дар деҳаи Далдахурони ноҳияи Норак иштирок намуданд. Системаи нави обтаъминкунӣ 353 сокини маҳаллиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.  Дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ як системаи пурраи таъминкунӣ бо оби ошомиданӣ тарҳрезӣ ва бунёд шуд ва инчунин, ҷумакҳои об дар ҳар як манзил, мактаб ва маркази тиббӣ насб гардиданд (шумораи  умумии ҷумакҳои насбшуда – 43 адад мебошад). Барои самаранок идора кардани системаи обтаъминкунӣ, USAID ба таъсис додани воҳиди идоракунии об дар кумитаи маҳаллӣ мусоидат карда,  нақшаи кориро бо тарофаҳои муқарраршуда барои истифодаи об таҳия намуд.

Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ ба таҳкими зарфияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати беҳтар таъмин намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ба хусус, таъмини оби тозаи нӯшокӣ) таваҷҷўҳи умда зоҳир менамояд. Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи мазкур, барои мусоидат намудан ба иштироки фаъоли шаҳрвандон дар қабули қарорҳои ҳукумати маҳаллӣ, чораҳо андешида мешаванд. То имрӯз, дар доираи лоиҳа 13 системаи обтаъминкунӣ дар саросари ҷумҳурӣ насб карда шудаанд, ки 34053 нафар аҳолиро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

Ин лоиҳаи марбут ба инфрасохтори обӣ як ҷузъи Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ маҳсуб меёбад, ки дар 10 ноҳия ва 20 воҳиди худидоракунии маҳаллӣ амал мекунад ва ҳадаф аз он, баланд бардоштани сифати худидоракунии маҳаллӣ ва хизматрасонӣ мебошад.  Дар давоми 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 млрд. долларро барои барномаҳои мухталиф оид ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ равона кардааст. Дар давоми соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатии тарафайнро ҷашн мегиранд.