Ҳукумати ИМА дастгирии худро ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон идома дорад

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябр ба имзо расид, ки ба он Директори амалкунандаи намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Дэвид Браун ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имзо гузоштанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати энергетикӣ ва рушди гуногунии энергия ҳамкорӣ намояд. Директори амалкунандаи намояндагии USAID ҷаноби Браун қайд намуд, ки «USAID хеле хушҳол аст, ки ҳамкории мо ҷиҳати мусоидат ба ислоҳоти соҳаи саноати дохилӣ, аз ҷумла коҳиши носамаранокии амалиётӣ ва идоракунӣ ва гузоштани саноати энергетикии дохилиро ба роҳи устувории молиявӣ ва амалиётӣ, ба расмият даромад».

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин вақт аллакай якчанд қадами муҳимро дар роҳи беҳтаргардонии идоракунии соҳаи энергетика дар натиҷаи татбиқи тавсияҳои ширкати «Корпорэйт Солюшнз», ки аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БРО) сарпарастӣ мегардид, гузоштааст. Мушовирони USAID бо ширкати «Корпорэйт Солюшнз» барои мусоидат ба татбиқи бозсозии сохтори Барқи Тоҷик ва дастгирии ин барномаи аз ҷониби БРО дастгириёбанда ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

Имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур ташаббуси наверо барои ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон бо ҳамроҳ намудани Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати Барқи Тоҷик дар доираи лоиҳаи USAID «Энерҷи линкс» роҳандозӣ менамояд. Тавассути лоиҳаи «Энерҷи линкс» USAID тасмим дорад ба Вазорат кӯмаки техникию хизматрасониҳои машваратӣ ва доираи васеъи барномаҳо барои такмили иқтидор баҳри таъмини дастгирӣ ҳам ба Вазорат, ҳам ба Барқи Тоҷик, расонад.

Директори амалкунандаи намояндагии USAID ҷаноби Браун ҳамчунин изҳор дошт: «Мо таъсиси низоми самараноку устувор ва бозаргониро барои идораи захираҳои нерӯи барқ ва оби фаромарзӣ дастгирӣ менамоем. Он ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори энергетикии миллӣ ва минтақавӣ, ва ҳамчунин тавсеаи тиҷорати нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миёни Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамҷавор кӯмак менамояд».

Ҳукумати ИМА тавассути USAID инчунин Котиботи лоиҳаи хатти интиқолии «CASA-1000»-ро дастгирӣ менамояд. Захираҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмину интиқоли нерӯи барқ барои муваффақияти ин лоиҳа ва дар навбати худ барои лоиҳаи «CASA-1000» барои рушди минбаъдаи иқтидори Тоҷикистон дар фурӯши нерӯи барқ на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Осиёи Ҷанубӣ низ аҳамияти калидӣ дорад. Ин талоши бозорӣ барои тавлиди даромади зарурӣ ва роҳҳои алтернативӣ барои таъмини нерӯи барқ имкониятро фароҳам меоварад, ки он норасоии нерӯи барқро, ки эҳтимолан Тоҷикистон дар оянда дуҷор мешавад, пешгирӣ кунад.

Лоиҳаи USAID «Энерҷи линкс» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасонӣ аст, ки миннатдоран ба мардуми Амрико имконпазир шуд. Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои баланда бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.