Душанбе, Тоҷикистон, 14 марти соли 2017 – Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат ва директори кишварии созмони байналмилалии «Ҳайати Шафқат» Гарретт Хаббард, шахсони расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донорҳо ва дигар доираҳои манфиатдорро дар маросими таҷлили анҷоми лоиҳаи ҳаштсола оид ба ҳифзи саломатии модар ва кўдак, ки бо кўмаки молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ гардид, истиқбол намуданд.
Аз соли 2008, лаҳзаи дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор роҳандозӣ шудан, Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кўдак дар мадди аввали талошҳои USAID ва «Ҳайати Шафқат» қарор гирифта, баҳри беҳтар намудани вазъи саломатӣ, озуқа ва беҳдошти занон ва кўдакон дар сатҳи ҷамоатҳо ва ноҳияҳо амалӣ гардид. Дар соли 2013 Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кўдак фаъолияти худро дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор анҷом дода, ба вилояти Хатлон паҳн гардид. Дар вилояти Хатлон дар давоми чор сол корҳо дар сатҳи ҷамоатҳо, деҳаҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешуданд, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти ғизо ва беҳдошти модарон, кўдакон ва оилаҳо мусоидат менамуданд. Дар вилояти Хатлон ба туфайли талошҳои лоиҳаи мазкур беҳтар шудани сифати ғизо барои модарону тифлон ва тақвияти беҳдошту тозагӣ дар сатҳи хонавода имконпазир гардид.
Лоиҳаи “Cаломатии модар ва кўдак” имкон дод, ки қариб як миллион нафар дар Тоҷикистон ба тарзи ҳаёти солим гузаранд. Дар натиҷаи талошҳои лоиҳа корҳои зайл ба анҷом расонида шуданд: такмили ихтисоси тақрибан 15 000 корманди соҳаи тандурустӣ дар пешниҳод намудани хизматрасониҳои тавсиядиҳӣ оид ба масъалаҳои озуқаворӣ ва танзими оила; иштироки ҷамоатҳо дар беҳтаргардонии шароити озуқаворӣ ва беҳдошти гигиена; ҷорӣ шудани усулҳои муосири танзими оила; беҳтар гардидани шароити санитарӣ ва паҳн шудани одати дастшуӣ дар зиёда аз 955 мактаб ва муассисаи тиббӣ. Дар рафти фаъолияти лоиҳа таваҷҷўҳи махсус ба навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва гигиена, аз ҷумла ба барномаи «таълими ҳамсоли худ» бо иштироки наврасон, беҳтар муҷаҳҳаз гардонидани ҳоҷатхонаҳо бо мақсади беҳтар намудани беҳдошт ва инчунин барои бо кор таъмин намудани сохтмончиёни маҳаллӣ замина фароҳам оварда равона карда шуд. Дар ин иртибот ҳамкориҳо бо ширкати мобилии Tcell-ро низ қайд намудан ҷоиз аст. Ин ширкат бори аввал дар Тоҷикистон хадамоти мобилии паёмнависиро барои пайгирӣ аз вазъи саломатӣ роҳандозӣ намуд. Хадамоти мобилии мазкур аллакай беш аз 3000 нафар занони дорои иттилооти муҳими тиббиро фаро гирифтааст.
Лоиҳаи «Саломатии модар ва кўдак» яке аз лоиҳаҳои сершумори кўмакӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Тайи 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 млрд. долл. ИМА-ро барои барномаҳои мухталиф оид ба мусоидат ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ равона кардааст. Дар давоми соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатии тарафайнро ҷашн мегиранд.