Ҳукумати ИМА комёбиҳоро дар пешбурди ғанигардонии маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ҷашн мегирад

Душанбе, Тоҷикистон, 21 декабри соли 2017 –  Мудири Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) Кэтрин Кроуфорд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, шахсони расмии Ҳукумат, намояндагони кишварҳои кўмакрасон ва дигар доираҳои калидии манфиатдорро дар маросими бахшида ба ҷашни хотимаёбии лоиҳаи сесолаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» ҷамъ оварданд.  Ин лоиҳа аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда шуд ва Алянси глобалй барои беҳдошти ғизо (GAIN) онро амалӣ намуд.

Аз оғози лоиҳа, дар соли 2015, як қатор кўшишҳову талошҳо баҳри коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ва беҳтар кардани  саломатӣ ва ғизогирӣ равона шуданд. Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои баланди нокифоятии микроэлементҳо аст, ки ба бадшавии вазъи саломатӣ оварда мерасонад ва боиси нуқсонҳои модарзодӣ мегардад. Аммо, ба миқёси васеъ ғанӣ гардонидани маҳсулоти озуқаворӣ – илова кардани витаминҳо ва минералҳои муҳим ба маҳсулоти озуқавории умда, монанди орди гандум ва намак – як роҳи собитшуда ва сарфакоронаи ҳалли ин мушкилот мебошад.

Дар се соли охир дар доираи лоиҳа ба шарикони маҳаллӣ дар таҳияи барномаи миллӣ оиди ғанисозии орди гандум бо витаминҳо ва минералҳои лозимӣ кўмак расонида шуд ва Тоҷикистон як қатор марҳилаҳои муҳимро дар ин самт сипарӣ намуд, аз ҷумла: эҷоди системаи миллии муносиб барои ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оиди ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ; таҳияи қонунгузорӣ оиди ғанигардонии орди гандум; баҳодиҳӣ ва тадқиқот бо мақсади бунёд намудани махзани дониш оиди ғанисозии маҳсулоти хўрокворӣ; тақдим намудани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ барои ниҳодҳои танзимкунанда; ва таъсиси аввалин он-лайн феҳристи миллӣ оиди нуқсонҳои модарзодӣ бо мақсади  пайгирӣ намудани таъсири иловаҳои ғизоӣ ба саломатии аҳолӣ. Дар маҷмўъ ин чорабиниҳо барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ ва ғизогирии аҳолӣ пойдевори асосиро гузоштанд. Чи тавре ки аз натиҷањои фаъолияти лоиҳа бармеояд, ҳар як долларе, ки барои ғанигардонии маҳсулоти озуқаворӣ масраф мегардад, ба андозаи нуҳ доллар фоида медиҳад ва, илова бар ин, нафъи зиёди иҷтимоию иқтисодиро барои Тоҷикистон низ бояд ба назар гирифт.

Лоиҳа шароитро барои он фароҳам овард, ки қариб 20 корхонаи истеҳсоли орд бо ғанигардонии орди гандум машғул шаванд, доир ба назорати сифат ва риояи талабот 50 корманди ниҳодҳои танзимкунанда омузонда шуданд ва 150 нафар мутахассиси омори тиббӣ доир ба дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳисобот барои  феҳристи миллӣ оид ба нуқсонҳои модарзодӣ, таълим гирифтанд. Лоиҳа инчунин бо бахши соҳибкорию маориф ва, инчунин, васоити ахбори омма ҳамкориро ба роҳ монда буд.

Лоиҳаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» яке аз ҷумлаи лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кўмаки мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имконпазир гардид. Дар давоми 25 соли охир Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон маблағи беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.