Варзоб, Тоҷикистон, 27 сентябри соли 2019 – Бахшида ба Рӯзи байналмилалии саводнокӣ Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ҳамроҳи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар таҷлили чорабинии байналмилалӣ, ки дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, иштирок намуданд. Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии саводнокӣ саросари кишвар, дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» ҳамкорӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4, тавассути зиёд кардани дастрасӣ ба маводи хониши ба синну сол мувофиқ, омӯзиши усули муосири таълим ва ҳамгироии навовариҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» барои дастгирии ин иқдом 614,900 китобҳои бадеии бачагонаи бо сифати баланд чопшуда ва ба синну сол мувофиқро ба 2,800 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар тақдим намуд.
Маросими тақдими китобҳои бадеии бачагона ба мактабҳои кишвар ба рушди фарҳанги хониш мусоидат мекунад. Лоиҳа барои тақвияти хониш дар мактаб, оила, ҷомеа ва баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ муассисаҳои таълимиро бо дастурамалҳо таъмин мекунад. Беҳтар кардани малакаҳои хониш, метавонад ба хонандагон барои муваффақ шудан дар омӯзиши ҳамаи фанҳои мактаб кумак кунад.
USAID шарикии қавиро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф арзёбӣ менамояд. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад.
Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кумаки мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гардидааст. Дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.