Душанбе, Тоҷикистон, 8 октябри соли 2021 – Дар тӯли панҷ соли охир, USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ба кӯдакон дар саросари Тоҷикистон 1,3 миллион китобро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳадя кард, ки ба беҳтар кардани натиҷаҳои хониш ва сатҳи умумии таълим дар 80 дарсади муассисаҳои таълимии кишвар мусоидат кард.
Дар доираи татбиқи барномаи пешоҳанги USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар соҳаи маориф аз соли 2016 то 2021 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм натиҷаҳои таълим ва малакаҳои хониш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон тавассути таъмин кардан бо китоб, маводи таълимӣ, омӯзиши омӯзгорон, технологияҳои нав ва навовариҳо, аз қабили барномаҳои радиоӣ ва телевизонии таълимӣ таъмин карда шуд. Бо ибтикори лоиҳаи мазкур зиёда аз 28 ҳазор омӯзгор омӯзишро оид ба усулҳои таълим гузаштанд, ки ин омӯзгорон натиҷаҳои хониши 665 000 хонандаро тақвият бахшиданд. Илова ба ин, дар доираи лоиҳа 28 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда шуд, ки дар он 115 муассисаи таълимӣ иштирок намуда дар тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар миёни 4 165 хонанда саҳм гузоштанд. Лоиҳа инчунин 7 200 китоби кӯдаконаи бо хатти брайлро барои кӯдакони дорои нуқсони биноӣ дастрас кард.
Ҳукумати ИМА барои дастгирии таҳсили мактаббачагон дар Тоҷикистон пеш аз ҳама тавассути омӯзишҳо ва маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ беш аз 100 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Бо шарофати ин саъю талошҳои устувор оид ба беҳтар кардани малакаҳои хониши забони тоҷикӣ, Иёлоти Муттаҳида саҳми босазоро дар дастгирии забони тоҷикӣ дар байни донорҳои хориҷӣ гузоштааст.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дастрас аст.