Ҳукумати ИМА дастовардҳои лоиҳаи USAID «Хониши босифат»-ро ҷашн мегирад

Душанбе, Тоҷикистон –

Ваколатдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кевин Коверт ҳамроҳ бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, намояндагони идораҳои маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаи маориф, шарикони иҷрокунанда, донишҷӯён, кормандони китобхонаҳо ва муаллимон дастовардҳои муштаракро дар доираи лоиҳаи USAID «Хониши босифат», ки бо сипарӣ шудани чор соли фаъолияташ хотима меёбад, ҷашн гирифтанд.

Тавассути USAID Ҳукумати ИМА бо Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методологӣ, Академияи таҳсилот ва Маркази миллии тестӣ барои беҳтар намудани таълими хониш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳамкорӣ намуд. Ташаббуси мазкур зиёда аз 435000 талабаи синфҳои ибтидоиро фаро гирифт.

Дар доираи лоиҳа дар синфҳои ибтидоии 1807 мактаби забонҳои омузишашон тоҷикю русӣ, 17608 муаллими синфҳои ибтидоӣ оид ба услубҳои омўзонидани хату савод ва хониш ба кӯдакон таълим гирифтанд, ба китобхонаҳои мактабӣ 232790 китоби дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ тақдим гардид ва, инчунин, барои синфҳои ибтидоии мактабҳо системаҳои мураббиягию роҳнамоӣ тарҳрезӣ гардиданд. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи USAID «Хониши босифат» зиёда аз 4000 чорабинии берун аз синфӣ, аз ҷумла, лагерҳои хониш ва намоишҳои сайёрии театри лўхтак, ташкил карда шуданд. Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, ЮНИСЕФ ва Институти «Ҷомеаи кушод» ба силсилафилми тасвирии омўзишии телевизионӣ барои кўдакон зернависҳо таҳия гардиданд. Чунин силсилафилми тасвирии омўзишӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ ба навор гирифта шуд.

Ваколатдори ИМА ба Вазорати маориф, шӯъбаҳои маорифи вилояту ноҳияҳо ва омӯзгорони меҳнатдўсти Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, ба хусус таъкид намуд, ки «фаъолияти муаллимоне, ки масруфи кор буда ва дастрасӣ ба маводи хониш ба забони модарӣ доранд ва инчунин чорабиниҳои хониши берун аз синфиро баргузор менамоянд, ба рушди фарҳанги хониш мусоидат намуда, барои дар кӯдакон таҳкурсии устувор гузоштан ҷиҳати худомўзии минбаъда дар тўли тамоми умр кўмак мерасонад».

Лоиҳаи USAID «Хониши босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори дастгирӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллари амрикоӣ кўмак расондааст. Тамоми ин кўмаки молиявӣ ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардиданд.