Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи ошёнаи сеюми таъмиршудаи мактаби миёнаи рақами 39-и ноҳияи Исфара, вилояти Суғд, иштирок намуд.
Сафорати ИМА аз соли 2011 бо роҳбарияти ноҳияи Исфара дар масъалаи таъмири мактаби миёнаи рақами 39 ва барои таъмини кӯдакон бо имкониятҳои беҳтари донишомӯзӣ ҳамкории зич дошт. Ошёнаи сеюми таъмиршуда ғунҷоиши мактабро афзун хоҳад кард. Ин таъмир ба талабагон имконияти хондани дарс дар синфхонаҳои сифатбаланд медиҳад ва боз як мисоли ҳамкории пойдори Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Точикистон мебошад.
Мактаби миёнаи рақами 39 аз 30 синфхона иборат буда, дар он 642 хонанда таҳсил мекунанд. Қисми таъмиршуда пурра бо мизҳои дарсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин шудааст. Гурӯҳ оид ба корҳои шаҳрвандии Сафорати ИМА, ки барои рушди маорифу тандурустӣ кӯмак мерасонад, лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ намудааст.
Ҳукумати ИМА бо ифтихор Ҳукумати Тоҷикистонро барои вусъат додани дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дастгирӣ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.