Ҳукумати ИМА барномаи раводиди DV-2020-ро эълон менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 28 сентябри соли 2018 – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико давраи нави бақайдгирӣ барои иштирок дар барномаи раводиди муҳоҷирӣ (Greenсard) DV 2020-ро мекушояд. Бақайдгирӣ ба таври онлайн рӯзи 3-юми октябри соли 2018 соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, 6-уми ноябри соли 2018 соати 21:00 хотима меёбад.

Дастур ба забони англисӣ (PDF ) оид ба тарзи дуруст пур кардани ариза барои истифодаи довталабон пешниҳод мегардад. Матн ба забони англисӣ ягона намунаи расмӣ ба ҳисоб меравад. Тарҷумаи ғайрирасмии дастур ба дигар забонҳо ҳангоми дастрасӣ шуданашон дар сомонаи мазкур ворид мегарданд. Шахсоне, ки дар давоми давраи бақайдгирии мазкур аз як маротиба зиёдтар аризаро ба барномаи DV фиристанд, аз барнома хориҷ мегарданд.

Довталабон метавонанд аризаи электронӣ барои иштирок дар барномаи DV-ро аз сомонаи расмӣ E-DV dvlottery.state.gov дар муддати давраи бақайдгирӣ дастрас намоянд. Дарстури барномаи DV дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА низ дастрас аст usvisas.state.gov/dv/instructions. Муваффақият ба шумо!