Маблағгузории ИМА ба Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Бюрои Департаменти давлатии ИМА оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ (INL) барои амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМНТ): Таъсис додани академияи таълимӣ» 813 300 доллари ИМА-ро ҷудо кард.

Иёлоти Муттаҳида шарики наздики UNODC буда, дар мубориза бо масъалаҳои мубрамтарин таҳти мандати ин ташкилот саҳм мегузорад. Дафтари UNODC дар Душанбе бо АНМНТ равобити дарозмуддат ва боэътимод барқарор намудааст ва аз ҳамин хотир барои расонидани кӯмак ба Агентӣ дар мукаммал гардонидани иқтидори таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии таҳқиқи ҳолатҳои вобаста ба маводи мухаддир мувофиқ мебошад.

Ин саҳми молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нақшаи таълимии мукаммал оид ба баланд бардоштани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти тафтишот ва таъқиботи судии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, инчунин баланд бардоштани қобилияти назорат ва малакаҳои идоракунӣ дар Агентӣ кӯмак хоҳад кард. Дар давраи дуюми лоиҳа такмилдиҳии минбаъдаи барномаи таълимии асосие, ки дар марҳилаи аввал таъсис дода шуда буд, бо илова намудани барномаҳои таълимии дараҷаҳои миёна ва пешрафта пешбинӣ гардидааст. Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) инчунин як барномаи мустақили таълими фосилавиро дар асоси базаи мавҷудаи курсҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис хоҳад дод. Ҷараёни таълим ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсату иқтидор ва усулҳои тафтишотии Агентӣ такя хоҳад кард. Таълим инчунин барои роҳ кушодан ба болоравии вазифавии муфаттишони Агентӣ ва баланд бардоштани иқтидори шӯъбаи таълимии Агентӣ мусоидат хоҳад кард.

Бюрои INL ин лоиҳаро тавассути маблағгузориҳои Конгресс ба Департаменти ИМА, ки барои дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва ҷаҳон пешбинӣ гардидаанд, маблағгузорӣ намуд.

Маълумоти бештар дар бораи фаъолияти UNODC дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар сайти зерини UNODC дастрас аст: https://bit.ly/2zF0IP4.

Намояндагии ИМА-ро дар Twitter, Facebook ва Instagram дар суроғаи @USUNVIE пайравӣ кунед. Лутфан, ҳама гуна дархостҳоро ба UNVIEpress@state.gov фиристед.