Сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, бо буридани лентаи рамзӣ ба маркази таълимии Халқаёр барои Қӯшунҳои сарҳадӣ берун аз Панҷ ифтитоҳ бахшиданд. Маркази мазкур аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон бо маблағгузории Дафтари оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Департаменти давлатии ИМА сохта шудааст. Сафир Эллиотт дар суханронии хеш фаъолияти марзбонони тоҷикро баланд арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки онҳо дар мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо дар хатти аввали мудофиа мебошанд. Ин марказ бо маблағи 132000 доллар сохта шуда, аз чаҳор синфхона иборат мебошад. Он барои омода намудани марзбонон ҳангоми постбонӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими он дар марзҳои давлат истифода хоҳад шуд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.