Вокуниши Сафорати ИМА оид ба бекор кардани эътиборномаи (аккредитатсия) хабарнигорони Радиои Озодӣ

Photo by: U.S. Department of State (IIP Bureau)

Душанбе, Тоҷикистон, 29-уми ноябри соли 2016 – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба бекор кардани аккредитатсияи шаш нафар хабарнигорони Радиои Озоди изҳори нигаронӣ менамоянд. Хабарнигорон дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳимро мебозанд. Аз ин сабаб, ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба хабарнигорон ҳуқуқи озодии баёнро таъмин намуда, ба онҳо барои бемамоният изҳор намудани нуқтаи назарашон мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мусоидат намоянд.