Сафорати ИМА омӯзиш барои Гурӯҳи зудамал дар ҳолатҳои фавқулодаи ДТММ мегузаронад

Рӯзи панҷшанбе 28-уми апрел Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи зудамал дар ҳолатҳои фавқулодаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ машқҳо оид ба таъмини тадбирҳои амниятӣ гузаронд. Машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишии сеҳафтина шуданд, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм назди Департаменти давлатии ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии кормандони ДТММ-ро ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд. Давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои зерин иборат буд: муайян кардани мавқеи худ дар мавзеъҳои гуногун, муҳориба аз масофаи наздик, моҳирона идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои фавқуллода ва раҳо кардани гаравгонон. Ин яке аз силсилаи машқҳои банақшагирифта мебошад, ки Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ДТММ хоҳад гузаронд.