22 майи соли равон ҳафт корманд аз Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористии Сафорати ИМА (Барномаи АТА) маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд. Курси «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма» ба ташвиқу дастгирии ҳуқуқи инсон дар иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи шӯъбаҳои корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ намуд. Инчунин иштирокчиён роҳҳои муқаррар намудани муносибатҳои самаранок бо ВАО ва истифодаи босамар аз шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтанд. Ҳамчунин шӯъбаҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар курси мазкур тарзи бомуваффақият гузаронидани конфронси матбуотӣ ва идора намудани мусоҳиба бо намояндагони ВАО омӯхтанд.
Зимни суханрониаш муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амният ҷаноби Трэй Ҳовертон қайд намуд, ки курси таълимии номбаршуда дуюм аз чор курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудаанд. Курси омӯзишии мазкур аз тарафи Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида шуд. Эшон ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ барои майлу рағбаташон дар омӯхтани усулҳои беҳтар расонидани маълумот ба ҷомеа дар бораи кӯшишу талошҳояшон дар мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад ва дар натиҷа миқдори бештари кормандони корҳои дохилӣ аз малакаҳои дар курсҳои пешниҳодшудаи Сафорати ИМА баҳраманд шуда метавонанд.
Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.
Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар ш.Душанбе тавассути барномаҳо барои дастгирии соҳаи амният, ниҳодҳои демократӣ, маорифу тандурустӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.