Сафорати ИМА лоиҳаи навро оиди ҳифз ва тавонмандсозии занони зери хатар қарордошта дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 2 июни соли 2022 – Шӯъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL)-и Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамиятии «Корвони умед» аз оғози лоиҳаи нав оид ба «Ҳифз ва тавонмандсозии занони зери хатар қарордошта дар ноҳияи Рӯдакӣ» хабар медиҳад. Ин лоиҳа дар чаҳорчӯби «Волоияти қонун» дар тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 98 900 доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳаи дусола ба таъсиси як маркази бӯҳронӣ дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ва расонидани хизматрасонии тавонбахшӣ аз нигоҳи ҳимояти ҳуқуқӣ, пизишкӣ ва равонӣ нигаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур барои тавонмандсозии занони зери хатар барои мустақилияти молиявии онҳо, гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо зӯроварӣ дар оила ва гендерӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кор хоҳад кард.  Инчунин, гузаронидани омӯзишҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ барои ҷавонон ва аъзои ҷомеа оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва кӯмак ба ҷабрдидагон қисми лоиҳа хоҳад буд. Лоиҳа ба таҳкими эътимод ва ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ/гендерӣ мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мусоидат хоҳад кард.

Ташкилоти ҷамиятии «Корвони умед» дар амалӣ намудани барномаи волоияти қонуни INL дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад, то ба Ҳукумати Тоҷикистон дар эҷоди як системаи ҳамгирошуда, одилона, ҳисоботдиҳанда ва шаффофи дастгирии ҷабрдидагон, ки дар он ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла занон ва духтарон, ҳуқуқи баробар барои иштирок хоҳанд дошт.