Душанбе, Тоҷикистон, 30 марти соли 2022 – Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ифтитоҳи лоиҳаи навро оиди «Таҳкими иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон» эълон менамояд. Ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори шуъбаи махсус ва ташхисгоҳи криминалистӣ, инчунин дигар шуъбаҳо ва бахшҳои Агентӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 000 доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин лоиҳа баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири нав ва пайдошаванда мебошад. Инчунин бо истифода аз усулҳои махсуси тафтишотӣ барои вокуниши муассир, ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноят, мусоидат менамояд.
Аз соли 2003 инҷониб, шуъбаи INL барномаҳои гуногуни Агентиро барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқии минтақа, тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентӣ маблағгузорӣ ва амалӣ менамояд.