Душанбе, Тоҷикистон, 4 марти соли 2022 – Сафорати ИМА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ифтитоҳи лоиҳаи навро оид ба саҳмгузорӣ дар амният ва ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон эълон мекунад. Ин лоиҳа барои пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир, муҳоҷирати номунтазам ва хатарҳо ба саломатии аҳолӣ равонашуда мусоидат мекунад. Лоиҳаи мазкур тайи 36 моҳи оянда бо харҷи 900 000 доллари амрикоӣ тавассути омӯзишҳо барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва инчунин азнавсозии инфрассохтори назди хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон амалӣ карда мешавад.
Аз соли 2002 инҷониб ҳукумати ИМА лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадӣ тавассути таҷдид ё азнавсозии посгоҳҳои сарҳадӣ, иншоотҳои гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишӣ амалӣ кардааст. Дар баробари ин Сафорати ИМА дигар лоиҳаҳои кумакрасониро, аз ҷумла таъмини таҷҳизоти нав ва омӯзишҳо, ки барои нигоҳдории амнияту субот дар Точикистон равона шудаанд, амалӣ кардааст. Ин лоиҳа як марҳилаи дигаре аст, ки ҳамкории қавӣ ва зичро дар соҳаи амният байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Сафорати ИМА дар айни замон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ мекунад, ки ба пешбурди идоракунии амнияти сарҳадӣ тавассути такмили маҳорат ва таҷдиди инфрасохтор барои таҳкими амният ва субот дар минтақа нигаронида шудааст.