Душанбе, Тоҷикистон, 22 декабри 2021 с. – Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқи (INL) Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар бораи якчанд ташаббуси нав дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон маълумот медиҳад. Шуъбаи INL ба ташкилотҳои ҷамъиятии (TҶ) “Феникс”, “Мактаби Ихтиёриён” ва “Занони Шарқ” се грант, ҳар кадоми онҳо ба маблағи 20,000 доллари ИМА ва ҳамчунин ба созмони ҷамъиятии “Хонаи Ҷавонон” 66,000 доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаи коҳиши талабот ба маводи мухаддир ҷудо кардааст. Тафсилоти ин лоиҳаҳо дар поён оварда шудаанд.
TҶ «Феникс» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) фаъолият намуда, тавассути гузаронидани тренингҳо барои тренерҳо дар байни муаллимону омӯзгорон ва семинарҳо оид ба нашъамандӣ, пешгирии ВНМО/БПНМ, таблиғ, таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотию маърифатӣ дар байни мактаббачагони шахри Хоруг (ВМКБ), лоиҳаро амалӣ мекунад. Ин созмон барои наврасон муҳити солими зиндагӣ фароҳам оварда, онҳоро ба дигар фаъолиятҳо аз қабили ҳунармандӣ ва варзиш ҷалб мекунад. TҶ “Мактаби Ихтиёриён” дар бораи хатарҳои гирифторшавӣ ба маводи мухаддир ва роҳҳои пешгирии нашъамандӣ дар байни кӯдакону наврасон дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониен ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сатҳи огоҳиро баланд мебардорад. TҶ «Занони Шарқ» барои ҷавонон дар маҳаллаҳои Саразм, Хурмӣ, Чинор, Вору, Халифа Ҳасан, Лоиқ Шералӣ ва Косатароши наҳияи Панҷакент, ки дар он ҷо дастрасии маводи мухаддир ва афзоиши гирифторшавӣ ба маводи мухаддир дар миёни ҷавонон нигаронкунанда аст, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ мегузаронад. Лоиҳаи мазкур ба пешбурди сиёсат, стратегияҳо ва андешидани тадбирҳои ахлоқӣ мусоидат намуда, сатҳи огоҳӣ дар бораи хатарҳо ба саломатӣ ва таъсири манфии иҷтимоии истеъмоли маводи мухаддир ва нашъамандиро абаланд мебардорад.
TҶ «Хонаи Ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо “Эътилофҳои ҷамъиятии зидди маводи мухаддири Амрико” фаъолияти 17 эътилофи зидди маводи мухаддирро дар Тоҷикистон, тавассути расонидани кӯмак дар таҳияи тавонмандӣ ва стратегияҳои иртибототӣ барои пешбурди эътилофҳо дар ҷомеаҳои худ, тақвият хоҳад бахшид. Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки аввалин арзёбии ҳамаҷонибаи умумимиллии ҷомеа, аз ҷониби эътилофҳо дар 17 ҷомеаи аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ гуногун, дар тамоми минтақаҳои асосии Тоҷикистон гузаронида шавад ва ба ин васила усулҳо ва имкониятҳои ҷамъоварии маълумотро ба низом дароварда васеъ намояд. Маълумоти натиҷавӣ на танҳо ба равишҳои маҳаллӣ барои коҳиш додани истеъмоли маводи мухаддир роҳнамоӣ менамояд, балки ҳамчун манбаи кӯмак дар ташаккули сиёсат бар зидди маводи мухаддир, дар сатҳи миллӣ, хидмат хоҳад кард.