Изҳороти сафорати ИМА оид ба мурофиаи судии ҲНИТ

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қайд мекунад, ки рӯзи 2-юми июни соли 2016 мурофиаи судӣ нисбат ба аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) анҷом ёфт. Ду нафар айбдоршавандагон – муовинони Раиси ҲНИТ Саидумар Ҳуссайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум гаштанд, ёздаҳ нафар аъзоёни дигар бошанд ба мӯҳлати то 28 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Аз Ҳукумати Тоҷикистон изҳори хоҳиш намудем, ки мурофиаи судӣ ба таври шаффоф ва боадолат гузарад. Инчунин хоҳиш ба амал омад, ки ҳуқуқи айбдоршудагон тавассути риоя намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя карда шавад. Сафорати ИМА ба Ҳукумат оид ба роҳ надодани аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок кардан ва мушоҳида намудани раванди мурофиаи судӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир суръат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеъ эҷод менамоянд. Сулҳу субот, амният ва шукуфоии мунтазам, ки Тоҷикистон барои ба он ноил гаштан кӯшиш ба харҷ медиҳад, танҳо тавассути зоҳир намудани ӯҳдадориҳои қавӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва арзишҳои аслии озодӣ барои ҳамагон, инчунин таъмини раванди боадолати мурофиаи судӣ ва иштироки баробари шаҳрвандон дар раванди демократӣ ба даст хоҳад омад.