Дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоем, ки ду нафар дучархасавори амрикоӣ 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара кушта шудаанд. Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, 29-уми июли соли ҷорӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошин ҳафт дучархасавори хориҷиро пахш карда, ҳамчунин бо истифодаи корд ба онҳо дарафтодаанд. Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилӣ, якчанд нафар боздошт шуда безарар гардонид шуд.
Мо ин ҳамлаи ғайримунтазираро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеъа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем.
Сафорати Амрико ба мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон оиди вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо дар ин ҳодиса миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомотҳо дар раванди тафтишот давом медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир, Сафорати Амрико ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд. Мо аз шаҳрвандони Амрико даъват менамоем, ки оид ба муҳите ки дар он қарор доранд, иттилоъ дошта бошанд ва барои дилхоҳ кӯмак ба сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе бо рақамҳои 992-37-229-2000 ё 992-37-229-2300 муроҷиат намоянд.