27-29-уми апрели соли равон дар ш. Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа”таҳти сарпарастии Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (ШМММҲТҲ) ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (САҲА) баргузор гардид, ки дар он 7 шӯрои ҷамъиятии навтаъсиси Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Ба ҷорабинии мазкур Сафири ИМА Эллиотт Сюзан, Вазири корҳои дохилӣ генерал- лейтенант Рамазон Раҳимзода ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари САҲА дар Тоҷикистон Шон Мак Гриви санаи 27–уми апрел ифтитоҳ бахшиданд. Шахсони воломақоми номбаршуда, зимни суханрониашон нақши ҳамкории милитсия бо ҷомеаро муҳим арзёбӣ намуданд. Шӯроҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ВКД дар хизматрасонии он ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти риояи ҳуқуқҳои башар, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудаанд. Шӯроҳои мазкур аз намояндагони милитсия, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, сарварони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва аъзоёни ҷомеа иборатанд.
Дар ҷараёни чорабинии зикршуда тақрибан 130 аъзои милитсия ва шӯроҳои номбаршуда аз кулли манотиқи кишвар бо стратегияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, густариши ҳамкорӣ, муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили гуногун ва пешгирии ҷиноят аз наздик шинос шуданд. Миёни иштирокчиён инчунин муносибатҳои корӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт. ШМММҲТҲ ва САҲА иқдом намуданд, ки аз баланд бардоштани иқтидори шӯроҳои ҷамъиятиро баҳри саҳмгузории минбаъдаи онон дар рафти ислоҳоти милитсия дар оянда низ дастгирӣ намоянд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.