Душанбе, 7 майи соли 2022 – Санаи 6 май дар боғи меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии озмуни вокалии Тоҷикистону Амрико бо унвони “Battle of The Bands” (“Батли гурӯҳҳои мусиқӣ”) баргузор гардид. 13 нафар сарояндаҳои боистеъдод (сарояндаҳои яккахон ва гурӯҳҳои мусиқӣ), бо овози зинда, сурудҳои машҳур ва ҳам на он қадар маъмул, вале пурмазмуни амрикоии солҳои гузаштаро иҷро намуданд.
Дар озмун сурудҳои зерин иҷро шуданд: September (Earth, Wind and Fire), Pride and Joy (Stevie Ray Vaughan), I Feel Good (James Brown), Don’t You Worry ’bout a Thing (Stevie Wonder), My Way (Frank Sinatra), Knockin’ on the Heaven’s Door (Bob Dylan). Ин ва бисьёр композитсияхои дигар, дар баромади иштирокчиёни Баттл овозу тобишҳои нав пайдо карданд. Иштирокчиён зиёда аз як моҳ барои ҳунарнамоӣ дар ин барномаи консертӣ омодагӣ диданд: дар студияи гуруҳи «Авесто» тамрин мекарданд, малакаи овозхонии хешро сайқал медоданд, бо маводи интихобгардида кор карда, барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии озмуни мусиқӣ сабти студиявӣ тайёр мекарданд.
Дар ҳайати ҳакамони озмун навозандаи маъруф Иқбол Завқибеков, овозхони маъруфи муосир Сафармуҳаммад, сарояндаи ҷаз Парвин Юсуфӣ, намояндаи Вазорати фарҳанг Толиб Норов ва сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА Дэррен Тис буданд. Ба ҳайати ҳакамон барои муайян кардани гирандаи ҷоизаҳо вақти тӯлонӣ лозим шуд, зеро ҳар як иштирокчӣ воқеан бо харизма, малаки овозхонӣ ва бо талаффузи аъло бо забони англисӣ ҳамаро ба ҳайрат овард.
Дар натиҷа, мукофотҳо ба таври зерин тақсим шуданд:
3 – Рустам Мамадалиев ва Акбар Каримов, соҳиби микрофони консертӣ ва гитара гардиданд.
2 – Нилуфар Азизова,соҳиби микрофони консертӣ ва гитара шуд.
1 – Гуруҳи “Melody Rangers” ва сарояндаи соло Фарахноз Саидова соҳиби студияи сабти хурд (ноутбук, мониторҳо, микрофони студия, гушмонакҳо ва корти садоӣ) гардиданд.
Ба ҳар як иштирокчӣ диплом тақдим гардид, аммо муҳимтар аз он таҷрибаи андӯхтаи онҳо дар ин лоиҳа буд. Ғайр аз ин, дастаҳои ғолиб имконият пайдо карданд, ки дар як сафари консертӣ ба шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баромади консертӣ дар фестивали “Боми ҷаҳон”, ки аз 15 то 17 июл дар Хоруғ баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Озмуни “Battle of The Bands“ аз ҷониби Маркази фарҳангии Аша, бо сарпарастии Сафорати ИМА, бахшида ба 30-умин солгарди равобити Амрикову Тоҷикистон ташкил шудааст. Сафорат бо мубодилаи мусиқӣ ва фарҳанг кӯшиш мекунад, ки мардуми Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳам наздик созад. Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон таърихи 30-солаи равобити дӯстиву ҳамкории наздик доранд ва лоиҳаи мазкур шиори 30 соли равобити Амрикову Тоҷикистонро таҷассум мекунад, ки он “Якҷоя ба пеш” мебошад.