Душанбе, Тоҷикистон, 4 апрели соли 2022 – Сафорати ИМА дар Душанбе 31 марти соли ҷорӣ ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 ҳадя кард, то ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш кумак кунад. Радиоҳо ва мошинҳо, ки 1,1 миллион доллар арзиш доранд, имкон медиҳанд, ки нерӯҳои марзбонӣ дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва муошират кунанд. Маҷмӯи қисмҳои ҷип, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзиш, марбут ба он, 1,85 миллион доллар арзиш дорад ва ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кӯмак хоҳанд кард. Қаблан, моҳи ноябри соли 202,1 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонон 18 адад мошини Ҷип J8 ба маблағи 1,4 миллион доллар тақдим карда буд ва ин коргоҳу бастаи қисмҳои эҳтиётӣ кафолат медиҳад, ки марзбонон метавонанд ин мошинҳоро солҳои тӯлонӣ дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо Кордори муваққатии ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Бридҷит Уокер ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Одилҷон Носирзода ширкат варзиданд. Кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон, хонум Уокер дар маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард: “Дар тӯли 20 соли охир мо бо Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо таҳдиди терроризм, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми зӯроварӣ ҳамкорӣ кардем. Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумаки ба соҳаи амният, ҷудо кардем, ки дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида мешавад. Вақте ки мо барои таҳкими амнияти минтақавӣ якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. Якҷоя мо барои ояндаи дурахшон кор хоҳем кард.”
Аз соли 1992 бто ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо Амрико ба артиши Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллион доллар 400 адад мошин ҷудо кардааст. Мо инчунин беш аз 10 000 нафар низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти махсус омӯзонидем.
Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.