Душанбе, Тоҷикистон, 22 феврали соли 2022 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким дар маросими супоридани лоиҳаи сохтмонии ОМОН ба маблағи 745 543 доллар ширкат карданд. Сохтмон аз бинои дуошёна иборат буд, ки утоқҳо, синфхонаҳо ва манзилҳои муваққатиро дар бар мегирад.
Қабл аз ин, 30 июли соли 2021 Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир таъмири посгоҳи сарҳадии Тахти Сангинро ба маблағи 570 000 доллар анҷом дод. Дар посгоҳи марзии “Даркад”-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.
Лоиҳаи маркази таълимӣ аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир маблағгузорӣ шуда, тавассути Бахши ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА амалӣ карда шуд. Аз соли 2007 ба то инҷониб, дар чаҳорчӯби барномаи мубориза бо маводди мухаддир, ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар кумак ироа шудааст, ки он васоити нақлиёт, таҷҳизот ва бозсозӣ ё бунёди посгоҳҳои сершумори марзиро дар бар мегирад.
Аз соли 1992 то инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Ин кумак аз омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст.
Иёлоти Муттаҳида 30 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва тавассути барномаҳое, ки амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи 1,8 миллиард доллар барои рушд ва амният кӯмак кардааст. Иёлоти Муттаҳида ягона кишвари калонтаринест, ки ба рушди Тоҷикистон кумак мерасонад.