Сафорати ИМА дастгоҳи нави чопиро ба Медиа Алянси Тоҷикистон тақдим намуд

Cафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳамроҳ бо ҳафтумин Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон ва Директори генералии ҳафтаномаи “Имрӯз News” Муним Оламов дар маросими расмии ба истифода додани дастгоҳи нави чопӣ, ки барои васоити ахбори оммаи мустақил пешбинӣ шудааст, ширкат варзиданд. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хариди дастгоҳи мазкурро маблағгузорӣ намудааст. Дувоздаҳ созмонҳои журналистӣ ва васоити ахбори омма, ки ба узвияти Медиа Алянс шомил ҳастанд, аз дастгоҳи мазкур барои чопи нашрияҳои худ истифода хоҳанд бурд.

 Бо зикри он, ки 3-уми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таҷлил мегардад, Сафир Миллард дастгирии Ҳукумати ИМА аз озодии матбуот таъкид намуда, минҷумла зикр кард: “Озодии баён яке аз арзишҳои асосии кишвари мо маҳсуб меёбад ва ба тарғиби он дар Тоҷикистон низ мусоидат менамоем . Умедворем, ки ин дастгоҳи чопӣ барои рушди оҷонсиҳои иттилоотии кишвар мусоидат намуда, дастрасиро ба иттилоот беҳтар мегардонад. Инчунин теъдоди хонандагонро барои мутолиаи ҳаррӯзаи рӯзномаҳо меафзояд”. Хонум Милард қайд намуд, ки дастгоҳи чопии мазкур танҳо яке аз кӯмакҳои сершумори бебозгаштест ки Ҳукумати ИМА ба васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳадя намудааст.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.