Сафорати ИМА барои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистон 8 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намуд

Душанбе, Тоҷикистон, 5 октябри соли 2018 – Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар маросими супоридани таҷҳизот, ба арзиши беш аз 8 миллион доллар барои хадамоти амниятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сафорати ИМА таҷҳизоти сохтмонӣ, таҷҳизоти вазнини сохтмон ва воситаҳои тактикиро, ки аз қисматҳои зерин иборат буд, таъмин намуд: патрул, фармон, ҷустуҷӯ, амбулатсия ва ҳаракати нақлиёт.

Ин таҷҳизот ба посгоҳҳои сарҳадӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҷод намудани монеаҳо ба қочоқи ғайриқонунӣ дар сарҳади минтақаи вилояти Хатлон кумак мерасонад, дар ҳоле ки воситаҳои тактикӣ қобилияти онҳоро барои назорати ин қаламрав тақвият хоҳанд дод.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва субот дар минтақа талош мекунад. Ин талошҳо саҳми бевосита ба Стратегияи миллии амнияти миллии ИМА мерасонад, ки нақши муҳими кишварҳои Осиёи Марказиро дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза бар зидди терроризмро қайд менамояд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тули 26 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва беш аз 1.8 млрд. доллари ИМА-ро ҳамчун кумак баҳри рушд тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон равона намуд.