Душанбе, Тоҷикистон, 26 ноябри соли 2021 – 19 ноябри соли 2021 Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, барои мусоидат ба амнияти сарҳадии Тоҷикистон, 18 мошини сабукрави Ҷип J8-ро таҳқдим намуд. Мошинҳои сабукрав бо арзиши умумии 1,3 миллион доллар ба Қӯшунҳои сарҳадӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд.
Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар маросими супоридани мошинҳои сабукрав ширкат намуданд. Сафир Поммершайм зимни суханронӣ дар маросим қайд намуд, ки «ин кумаки башардустона яке аз мисолҳои дастгирист, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик ҳастем. Ба хотири исбот намудани ҳамкории худ мо нақша дорем, дар соли оянда ба бахши амнияти Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар сармоягузорӣ кунем”.
Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Ин кӯмак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад. Дар чаҳорчӯби кумак ба артиши Тоҷикистон 378 адад мошини сабукрав бо арзиши умумии 11,9 миллион доллар ластрас гардиданд. Мо инчунин зиёда аз 10 000 нафар сарбозону афсарон, намояндагони сохторҳои қудратиро дар самти тактикаи самараноки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир омӯзонидем. Дар чаҳорчӯби кумакҳои мазкур 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 гузаргоҳ, ду отряди сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии сарҳадбонон сохта ё барқарор карда шуданд. Танхо соли гузашта кумаки харбию техникии ИМА зиёда аз 10,7 миллион долларро ташкил дод ва ин амал Иёлоти Муттахидаи Америкаро ба донори асосӣ дар ин соҳа табдил дод. Илова бар ин, як моҳ пеш 20 мошини сабукрав ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳқдим гардиданд.
Шарикии Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон тули 30 сол давом дорад ва дар давоми ин солҳо барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушд ва кӯмаки низомӣ, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар ҷудо кардааст.