Дар доираи Барномаи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, бо дастгирии Бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ва дар якҷоягӣ бо бахшҳои радиои “Овози Амрико” аз 10 то 17 апрели соли ҷорӣ гурӯҳи овозхонони амрикоӣ «The Exchange» ба Тоҷикистон ташриф меорад. Сафорати Амрико консерти ройгонро, ки рузи 16 апрели соли 2016 соати 16:00 дар толори консертии ВЕФА баргузор мегардад, сарпарастӣ мекунад.
«The Exchange» – гурӯҳи муосири фолклорӣ аз шаҳри Ню Йорк мебошад. Боздид аз кишвари Тоҷикистон ба сафари ин гурӯҳ ба давлатҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбекистон ҳусни анҷом хоҳад бахшид.
Шуморо ба ин намоиши ҷолиб даъват менамоем!